Бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва саъю кўшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сол то сол ин сохтори қудратии кишвар мукаммалу пуриқтидор ва шароити хизмативу иҷтимоии кормандони он хубтару беҳтар гардида истода, ба дастовардҳои нав ба нав ва назаррас ноил гардида истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар баробари дигар ҷузъу томҳо Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои поёнии он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ аз ин пешрафту дастовардҳо бархурдор буда, имрўз тамоми бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо ҳуҷраҳои наву барҳавои хизматӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми техникаву таҷҳизоти муосири корбарӣ ва шароити мусоиди корӣ таъмин мебошанд.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ баҳри амалӣ намудани вазифаҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, уҳдадориҳо оид ба назорат, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти шиносномавию бақайдгирӣ, баҳисобгирии қайди аҳолии ҷумҳурӣ, баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин барои амалӣ намудани вазифаю уҳдадориҳои алоҳидае, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд, фаъолияти худро самаранок ба роҳ мондааст.
Таърихи таъсиси ин ниҳоди пешбари сохтори мақомоти корҳои дохилӣ гуногунҷабҳа буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар рушду тараққӣ кардааст.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2011 таҳти №151-6 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, таҳти №598-20» дар таркиби сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди нав «Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ» таъсис дода шуда, тибқи Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2011, таҳти №10б/з Низомномаи он тасдиқ карда шудааст.
Солҳои қаблӣ бахши шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД фаъолият менамуд ва доираи фаъолияташ нисбатан маҳдудтар буд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мурури замон ва зиёд гардидани талабот дар ин самт, доираи фаъолияти ин ниҳод васеъ гардида, охирҳои соли 2006 бо якҷоя гардидани масъалаҳои муҳоҷират Хадамоти муҳоҷирати ВКД таъсис дода шуд. Ҳамин тавр, баъдан, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Тибқи қарори дар боло қайдгардида бошад, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД таъсис дода шуд, ки айни замон аз 8 шуъба ва 2 шуъбача иборат мебошад.
Инчунин, бахшу воҳидҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, ба воҳидҳои минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ тобеъ гардиданд.
Имрўз роҳбарият ва ҳайати шасии ХШБ ВКД ва воҳидҳои поёнии он баҳри пешрафти самти фаъолият, фаъолона иштирок ва таъмин намудани тартибот дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию шаҳрӣ, инчунин дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар корхонаву идора ва сохторҳои давлатӣ, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта, тамоми донишу малакаи касбии худро равона намудаанд.
Тавре аз натиҷаҳои фаъолият бармеояд, танҳо дар 11 моҳи соли 2024 ба аҳолии ҷумҳурӣ 424 967 адад шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 527932 адад шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот дода шудааст.
Инчунин, 45722 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ бо корҳои шахсӣ, барои фаъолияти меҳнатӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ, истиқомати доимӣ ва барои донишомўзӣ ворид гардидаанд, ба қайд гирифта шуданд.
Дар ХШБ ба ҳолати моҳи ноябри соли 2024 ҳамагӣ 3669 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки иҷозат барои зисти доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, дар қайд меистанд, ки аз ин 2085 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ва 1584 нафарашон шахсони бешаҳрванд мебошанд.
Бояд гуфт, ки зиёда аз 10000 нафар гуреза ва паноҳҷўяндагон дар ХШБ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин бештар аз 9000 нафарро гуреза ва беш аз 1000 нафарро паноҳҷўяндагон ташкил медиҳанд.
Ҷиҳати назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ доимо амалиётҳо гузаронида шуда, дар ин давра нисбати 1756 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва даъваткунандагони онҳо барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида шудааст.
Ҳамзамон, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида аз ҷониби бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ, баҳри риояи қонуният, истифодаи дурусти шиносномаи шаҳрванд, сари вақт ба қайд гузоштану аз қайд баровардан санҷишҳои реҷаи шиносномавӣ гузаронида мешавад ва тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар ин давра, барои вайрон кардани реҷаи шиносномавӣ аз 122409 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ талаботҳои қонунгузориро дар ин самт вайрон намудаанду нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Чуноне ҳамагон медонем, имрўз техникаву технология бо суръати кайҳонӣ рушд менамояд ва дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа вобаста ба самти фаъолият васеъ истифода мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба ҳукумати электронӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ талаби замон мебошанд.
Дар ин асно, яъне гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, ки бо мақсади сабукӣ овардан ба шаҳрвандон ва зуду қулай пардохт намудани боҷи давлатӣ ва дигар хизматрасониҳои аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тамоми корҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаст.
Бо ин мақсад, гузаштан ба пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо КВД БА “Амонатбонк” ва ҶСП “Пардохти ҳушманд” (Smartpay) дар соли 2024 воҳидҳои хадамот бо 134 адад POS-терминал таъмин карда шуданд. Айни замон, шаҳрвандон тавассути ин дастгоҳҳо бо корти маблағдор ё ҳамёни телефон пайваст буда, бевосита маблағи худро барои хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, боҷи давлатӣ ва ҷаримаҳо пардохт менамоянд.
Инчунин, дар тамоми ҳуҷраҳои кории воҳидҳои хадамот нусхаи куяр-рамз барои пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатии соҳа барои маълумоти шаҳрвандон насб гардида, барномаи пардохти ғайринақдӣ дар компютерҳои кормандон ҷорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон, низоми автоматикунонидашудаи иттилоотии Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии хадамот фаъолияти худро боз ҳам тақвият дода, дар 11 моҳи соли 2024 маълумоти 165 ҳазору 535 варақаи суроғавии омад ва баромад ба махзан ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳазору 444 адад варақа зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он Низоми иттилоотии «Шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ» насб ва ҷорӣ карда шуда истодааст. Барномаи мазкур, аллакай дар воҳидҳои поёнии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар вилоятҳои Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва Суғд, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ насб гардида, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳо дар ин самт идома доранд.
Бояд қайд кард, ки ҷорӣ намудани низоми иттилооти мазкур имкон медиҳад, ки воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ байни ҳам мубодилаи натиҷаҳои корӣ, ҳисоботдиҳии саривақтӣ, дастрасӣ ба маълумотҳои заруриро анҷом диҳанд.
Баҳри таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба самти фаъолият сомонаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (www.passportvkd.tj) фаъолият дорад, ки маълумоти лозимии соҳавӣ, аз ҷумла номгўи хизматрасониҳо дар он гузошта шудааст.
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри сари вақт таъмин намудани хонандагони ба синни 16 расидаи муассисаҳои таълимӣ бо ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият – шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, марҳила ба марҳила дар муассисаҳои таълимӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон дастҷамъона ва дар вазъияти тантанавӣ супорида мешаванд.
Дар ин зимн, дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони ХШБ ва воҳидҳои поёнии он ба тариқи тантанавӣ дар 462 мактаб чорабиниҳо гузаронида шуда, ба беш аз 4000 нафар хонандагону хатмкунандагон шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шудааст.
Тавре қайд намудем, кормандони ХШБ ВКД дар баробари пешбурди самти фаъолият, ҳамзамон дар муайян ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта натиҷаҳои назаррас доранд. Аз ҷумла, аз аввали сол то ба имрўз аз тарафи кормандони ин ниҳод 81 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷў қарордошта муайян ва дастгир карда шуданд, ки назар ба соли гузашта 21 нафар зиёд мебошад. Ҳамчунин, 16 нафар ҷинояткори аз ҷониби мақомоти Федератсияи Россия дар ҷустуҷў қарордошта муайян ва дастгир шудааст.
Инчунин, роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он дар самти дастгир намудан ё бо роҳи фаҳмондадиҳӣ баргардонидани ҷавонони ноогоҳу гумроҳгашта, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ шомил шудаанд, низ як қатор корҳоро роҳандозӣ намудаанд. Дар ин муддат, аз ҷониби кормандони хадамот се нафар шаҳрванде, ки барои даъват ба гурўҳҳои экстремистӣ дар ҷустуҷў қарор доштанд (моддаи 307 иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз роҳи пешгирифтаашон ба Ватан баргардонида шудаанд.
Баҳри волоияти қонун, пойдории давлати соҳибистиқлоламон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, дар мубориза бурдан бо ҳама гуна зуҳуроти манфури ҷомеа, инчунин рушду тараққиёти Ватани азизамон роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он содиқона хизмат намуда, тамоми донишу малакаи касбии худро баҳри пешрафти кор равона намудаанд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи худ тамоми кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии онро, инчунин собиқадорону нафақахўрони ин ниҳодро, ки дар пешрафти соҳа саҳми арзанда доранд, бахшида ба Рўзи таъсисёбии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои рўзгорро таманно менамоям.
Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон,
сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ,
полковники милитсия