Бо ибтикори роҳбарияти шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ашт ҷиҳати пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандон ба хусус низоми буду боши сокинони ноҳия дар Федератсияи Россия ва риояи қонунгузории ин кишвари бузурги қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҷаласаи корӣ бо фаъолон, роҳбарони шуъбаю бахшҳои сохтори ҳукумати ноҳия, раисони ҷамоатҳо, кумитаи маҳалаҳо, нозирони минтақавии милитсия аз 9 ҷамоати шаҳраку деҳот ва масъулини бахши хадамоти муҳоҷират баргузор гашт.
Чорабинӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар ноҳияи Ашт таҳти раёсати муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед ва сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт полковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ҷараён гирифт.
Масъалаи асосии баррасишаванда дар ҷаласаи корӣ мусоидат дар огоҳсозии аҳолӣ вобаста ба тағйиру иловаҳои ба қонунҳои федералӣ оид ба буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия ворид шуда буд, ки аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо менамояд. Зеро дар заминаи тағйироти қонунгузорӣ Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷро ҷорӣ карда, зиёда аз 140 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои бе қайди ҷойи буду бош ва кор будан ба «Феҳрести шахсони назоратшаванда» ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифтааст. Аз ҷумла тибқи рӯйхати пешниҳодгардида 1658 нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Ашт дар рӯйхати мазкур ба қайд гирифта шудаанд.
Маърӯзачиён корбарӣ бо ин қишри муҳоҷирони меҳнатиро ба аҳли нишаст фаҳмонида мақсаду мароми ин ташаббусро дар заминаи ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдорӣ муҳоҷирон пешгирӣ аз ба таври маъмурӣ хориҷ шудани шаҳрвандон аз Федератсияи Россия, дучор нашудан ба мушкилоте чун иҷозат надодан ба вуруд ба Россия ва бозпас ба Ватан баргардонидани онҳо унвон карданд, ки пайомади он дар баробари зарари моддӣ, зарари маънавӣ низ дар пай дорад. Гуфта шуд, ки саривақт барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, гузаштан аз санҷишҳои назоратӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷой дошта он сокинони ноҳияро, ки ба «Феҳристи шахсони назоратшаванда» афтидаанд аз рӯйхат мебарорад.
Огоҳсозии аҳолӣ дар самти ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдорӣ муҳоҷиратро муовини раиси ноҳия ва сардори шуъбаи милитсия ба ҳозирин дастур доданд. Таъкид карда шуд, ки корбарӣ бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. То ин ки шаҳрвандоне, ки манбаи даромад ва зисту зиндагиашон аз муҳоҷирати меҳнатӣ таъмин карда мешавад, дар оянда то эътибор пайдо кардани қонунҳои федералӣ аз 8 августи соли 2024 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» таҳти рақами №260 – ФЗ ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси Федератсияи Россия дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» таҳти рақами №248 ФЗ, ки 5 феврали соли 2025 муқаррар шудааст ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд.
Огоҳ будани шаҳрвандон аз раванди қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки ҳуқуқу манфиатҳои хешро ҳифз намоянд.
Дар ҷаласаи корӣ 9 гуруҳи тарғиботию санҷишӣ созмон дода шуд, ки таҳти сарпарастии нозирони минтақавии милитсия дар ҷамоату шаҳракҳои минтақаи маъмурии ноҳияи Ашт фаъолият хоҳанд кард. Дастур дода шуд, ки аз ҳисоби сокинони ноҳияи Ашт то охирин нафари дар феҳрист рӯйхат шуда, вобаста ба вазъи ҳуқуқиаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ нагардад фаъолияти гуруҳҳои корӣ қатъ намегардад.
Ёдрас менамоем, ки истиноди (силкаҳои) рӯйхати «Феҳристи шахсони назоратшаванда» дар сомонаҳои расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, migration.tj ҷойгир карда шудаанд. Ҳар нафар имконият дорад бо истифода аз сомонаҳои мазкур вазъи ҳуқуқии худ ва наздиконашро бисанҷад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия