30 Декабрь, 2024

Ҷаласаи Комиссияи муштараки давлатҳои иштирокчии Созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ

 

6-уми декабри соли 2024 тариқи маҷозӣ ҷаласаи Комиссияи муштараки давлатҳои иштирокчии Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, кумитаи Иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористӣ, Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералӣ, хадамоти Ҳамоҳангсозии Шурои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок карданд.

Намояндагони кишварҳо доир ба вазъи муҳоҷират, роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва чораҳои мақомоти салоҳиятдор барои муқовимат ба он мубодилаи иттилоот намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба тағйирот дар қонунгузории миллии муҳоҷират ибрози назар намуда, оид ба таҷрибаи таъсис ва фаъолияти муассисаҳои махсуси нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар давраи муайян кардани вазъи ҳуқуқии онҳо, ки бояд ихроҷи маъмурӣ ва ё берун карда шаванд, инчунин оид ба ҳамкориҳо тавассути васоити ахбори омма ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ муҳокимаронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мушкилоте, ки дар рафти татбиқи созишномаҳои амалкунанда дар бораи реадмиссия, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои ИДМ баста шудаанд, механизмҳои гирифтани маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои беэътибор ва санҷиши онҳо тавассути қайдҳои бюроҳои миллии марказии Интерпол ва табодули таҷрибаи миллӣ оид ба ҳалли мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.

Илова бар ин, аъзоёни Комиссияи муштарак ҷараёни татбиқи барномаи Байнидавлатии чораҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028-ро дар соҳаи муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ намуда, нақшаи кории Комиссияи муштаракро барои соли 2025 тасдиқ карданд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи маҷозии мазкур намояндагони сохторҳои марбутаи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Прокуратураи генералӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Х. Солиҳӣ, полковники милитсия