27 Декабрь, 2024

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии узви ИДМ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

 

15-уми сентябри соли 2023, ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат варзиданд.

Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур ҳамагӣ 10 масъала баррасӣ гардид. Аз он ҷумла, масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо – узви ИДМ ва рафти иҷрои барномаи байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат бар зидди киберҷиноятҳо, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарор дошта, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин рафти иҷрои Барномаи байнидавлатии чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 ва натиҷаи чорабиниҳои мувофиқашуда ё якҷояи оперативӣ-профилактикии вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо – иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокимарониҳо қарор дода шуданд.

https://www.vkd.tj/index.php/tj/