13 Декабрь, 2024

Вохӯрӣ бо намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон

 

Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир дар доираи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ санаи 1 сентябри соли 2023 бо намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон хонум Анна Мофреъ вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар атрофи гузаронидани таҳқиқ вобаста ба ниёзи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ба пешниҳоди кӯмак дар хизматрасониҳо, ҳифзи саломатӣ, дастрасӣ ба таҳсилу касбомӯзӣ, огоҳии ҳуқуқӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ҳамкориҳои дуҷониба ба беҳтар гардидани шароитҳои зисту зиндагӣ ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳои дар Тоҷикистон қарордошта мусоидат хоҳанд намуд.