28 Январ, 2023

Чорабинии шанбегӣ барои тозагии атроф

Симои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе сол аз сол зебою дилнишин гардида истодааст. Дар баробари он, ки кўчаю хиёбонҳои пойтахт ҳусни нави замонавӣ пайдо карда истодааст, бо кўшишу талошҳои масъулини соҳа доим тозаву озод нигоҳ дошта мешавад ва ин аст, ки таваҷҷуҳи хориҷиён, махсусан сайёҳон ба кишвари мо бештар гардида истодааст.

Дар ин раванд, бо мақсади анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озод нигоҳ доштани ҳудуди биною иншоот, кўчаҳои ҳамшафат, ҳуҷраҳои корӣ санаи 26 ноябри соли 2022 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо ташаббуси роҳбарияти хадамот чорабинии дастаҷамъонаи навбатии «шанбегӣ» доир карда шуд.

Дар шанбегӣ ҳайати шахсӣ ҳудуди бинои хадамот ва гирду атрофи онро аз барги рехтаи дарахтону буттаҳо ва партовҳо тоза карда, қитъаҳои замини бехи гулу дарахтонро нарм карданд. Ҳамзамон, дар дохили ҳуҷраҳои корӣ низ ба тозагии он таваҷҷўҳ зоҳир намуда, ашёву анҷоми корӣ ҷобаҷо карда шуданд.

Чунин чорабиниҳои ободонӣ минбаъд низ ба таври доимӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.