12 Апрель, 2026

“Эъломияи ҳуқуқи башар” – барҷастатарин санад дар таърихи инсоният

Санаи 7 октябри соли 2022 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба амалисозии “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” машғулияти хизматӣ дар мавзӯи “Эъломияи ҳуқуқи башар ва боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” доир карда шуд.

Дар мавзӯи зикргардида сармутахассиси дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Азим Иброҳим баромад намуд.

Азим Машрабзода дар баромади худ нахуст оид ба санади муҳими аҳамияти байналмилалидошта “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид соли 1948 дар шаҳри Париж бо тавсиб расонидани эъломияи мазкур, шараф ва ҳуқуқҳои бунёдии ҳамаи одамони рӯи ҷаҳонро қонунӣ гардонид. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуқуқи инсонро на мансуби ин ё он миллату нажод ё мазҳабу мамлакат, балки мансуби тамоми аҳли башар донист, ки чун “Хартияи бузурги озодиҳои тамоми инсоният” ҳисобида мешавад. Чунончӣ дар моддаи 1 Эъломия омадааст: “Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд” ё дар моддаи 3 “Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад” дарҷ шудааст, ки ба ҳамин монанд ҳамаи моддаҳои эъломияи зикргардида мавзӯи алоҳидаи ҳаёти инсониро фаро гирифтааст.

Дар идома зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташаккул ёфт, аз ҷумла инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид. Тибқи талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда, онҳоро қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эътироф кард. Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моддаи 14 то моддаи 47, яъне 34 модда ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ зимни дарси хизматӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ки аз эъломияи мазкур манша мегиранд, омӯхтанд.

Дар фарҷоми ҷамъомад дар байни баромадкунанда ва иштирокчиён дар атрофи мавзӯи матраҳгардида саволу ҷавоб сурат гирифт.

Х. Солиҳӣ