
– Шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз шуъбаҳои пешбарандаи самти фаъолияти хадамоти мазкур ба шумор рафта, кормандони он дар пешбурди кори ҳаррӯзаи худ масъулияти муҳимро ба зимма доранд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии ХШБ ВКД, Амру Фармонҳои Роҳбари давлат, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати кишвар, дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД-ро сармашқи кор намуда, фаъолияти худро тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи шуъба хуб ба роҳ мондаанд, – мегӯяд сардори шуъбаи мазкур полковники милитсия Рустам Тӯразода.
Тавре мавсуф қайд намуд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони шуъба, пеш аз ҳама, назорати раванди вуруду хориҷ гардидани шаҳрвандони хориҷӣ, истиқомати муваққативу доимии онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудаасту будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро ба танзим медарорад, ба шумор рафта, ҳайати шахсии шуъба баҳри иҷрои саривақтии ин вазифаҳо донишу малакаи касбии худро равона намудаанд.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори дигар давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон яке аз давлатҳои қабулкунандаву интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор рафта, ҳамасола ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин сайёҳону меҳмононро аз давлатҳои хориҷи дуру наздик қабул менамояд ва будубоши қонунии онҳоро то тарк намудани қаламрави кишвар кормандони шуъба назорат ва ба танзим медароранд.
Танҳо дар ҳашт моҳи сипаригардидаи соли равон дар пешбурди самти фаъолият аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ, дар умум 148 корхона, иншооти сохтмонӣ, коргоҳҳои таъмири нақлиёт, меҳмонхонаву тарабхона ва марказҳои савдову манзилҳои истиқоматие, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар онҳо иқомату фаъолияти меҳнатии худро амалӣ менамоянд, мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби кормандон беш аз 1000 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб як баробар зиёд мебошад.
Дар баробари амалӣ намудани чорабиниҳои санҷишӣ, ҳамзамон масъулини шуъба бо шаҳрвандони хориҷие, ки дар корхонаву ташкилотҳо, иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдо, инчунин гурезаҳое, ки ба таври доимиву муваққатӣ қарор доранд ва дар ин коргоҳҳо фаъолияти меҳнатӣ доранд, оид ба риояи қонуният, сари вақт ҳуҷҷатгузорӣ намудан, қонунӣ гардонидани будубош ва фаъолияти меҳнатии худ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ менамоянд.
Бояд гуфт, дар баробари бурдани санҷишҳои назоратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ боз ёфт мешаванд нафароне, ки талаботи қонунҳои амалкунандаро сарфи назар намуда, ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Аз ҷумла, дар ин давра зимни баргузории амалиётҳои санҷишӣ сабабҳои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ё даст ба ҷиноят задани шаҳрвандони хориҷӣ натиҷагирӣ гардида, муайян карда шуд, ки 266 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, аз ҷумла вайрон намудани қоидаҳои будубош, бақайдгирӣ ва риоя нагардидани талаботҳои даромаду баромад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Нисбати вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қоидаҳои будубош дар қаламрави ҷумҳурӣ, бо моддаҳои 499 қисми 1 ва 470 қисмҳои 1 ва 4-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳо тартиб ва ҷаримабандӣ шуданд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии ХШБ ВКД тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии ҷиноят ва оромиву осоиштагии шаҳрвандон равона намуда, минбаъд низ дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд.
Раҷаббек Илёсов