17 Феврал, 2025

Ҷаласаи вазирони корҳои дохилии аъзои СҲШ дар шаҳри Тошканд

18 августи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ҷаласа вазирон ва намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ, инчунин мақомоти доимии СҲШ, намояндагони давлатҳои нозири СҲШ Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларусия, Муғулистон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ИНТЕРПОЛ, БҲМЗҶМ (БКБОП), Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ вазирони корҳои дохилӣ дар фазои ошкоро ва дӯстона доир ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа вазирон якдилона аҳамияти муколамаи ошкоро ва ҳамкории амалӣ дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро таъкид карданд.

Дар хотима, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протокол ба имзо расид.

Дар доираи чорабинии мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-лейтенанти милитсия Ниязбеков Улан Омоканович, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Ахмеджанов Марат Муратович ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Нитянанд Рай вохӯрӣ доир намуда, љонибњо роҷеъ ба рушду густариш додани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарор дошта, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, амнияти иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар рафти сафари хизматӣ инчунин сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо сардори Сарраёсати муҳоҷират ва барасмиятдарории шаҳрвандии ВКД Ҷумҳурии Узбекистон полковник Мухамедов Улугбек Ташпулатович  вохӯрӣ анҷом дода, бо фаъолияти ин сохтор ва пешравии кор вобаста ба талаботи замона дар ин соҳа шинос шуд.