
Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2019, №1652 «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» роҳбарият ва кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 як қатор корҳои мушаххасро анҷом доданд. Чунончӣ, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи Гурўҳи кории Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ва “Чашма” дар 7 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳраки ноҳияи Лахш, 9 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 3 ноҳияи вилояти Хатлон, 5 ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода, 3 ҷамоати шаҳри Ваҳдат, 1 ҷамоатӣ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав бо иштироки раисони ҷамоатҳо, фаъолон ва сокинони маҳалҳо вохўриҳо гузаронида, доир ба муҳтавои Қонуни зикргардида ва омилҳои аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо анҷом дода шуданд. Дар натиҷа баъди бурдани корҳои таблиғотӣ аризаи 117 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва аз моҳи январи соли 2020 то давраи ҳисоботӣ 1392 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, муайян ва аризаҳои онҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 630 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 762 нафарро шахсони бешаҳрванд ва ё шахсони шаҳрвандиашон номуайян ташкил медиҳад. Пас аз қабул ва баррасии аризаҳо дар 6 моҳи соли 2022 мақоми ҳуқуқии 122 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз аввал то ба имрўз 1011 нафар) қонунӣ гардонида шудааст.
Дар самти иҷрои Қонуни авф аз тарафи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии зикгардида шурўъ аз 1 январи соли 2020 то 30 июни соли 2022 ба 6 ҳазору 587 нафар (5709 зан ва 878 мард) ба гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмак расонида шудааст. Аз ин ҳисоб 5 ҳазору 50 нафар бо шиносномаи собиқ ИҶШС (4313 зан, 737 мард) ва 1 ҳазору 537 нафар (1396 зан, 414 мард) бо шаҳодатномаи таваллуд муроҷиат намудаанд. Дар умум ба 7 ҳазору 979 нафар барои гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда шудааст.
ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон