07 Август, 2022

Омӯзиши шоҳасари академик Б.Ғафуров “Тоҷикон”

Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ тибқи дастури роҳбарияти Вазорат рӯзҳои ҷумъаи ҳар ҳафта бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва огаҳӣ пайдо намудан аз таъриху маданияти бойи гузаштагони хеш омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дар байни ҳайати шахсӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимнан, мутахассиси соҳа марҳила ба марҳила мазмуну моҳияти шоҳасар, шурӯъ аз давраҳои хеле қадим то замони муосир, ҳодисаҳои муҳими ба зиндагонии халқи тоҷик ва дигар мардумони Осиёи Миёна алоқамандро бо таври мухтасар ба ҳайати шахсӣ возеҳу равшан баён менамояд.

Воқеан, китоби “Тоҷикон” дар муаррифӣ ва ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик нақши бағоят калон дошта, аз қаҳрамониву диловарии халқи тоҷик қисса мекунад.

Ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба мутолиаи китобҳо, алалхусус китоби нодири «Тоҷикон» шавқу рағбати зиёд доранд.