07 Август, 2022

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 № 568 “Дар бораи комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза”

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Комиссияи муштараки доимоамалкумандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза ташкил карда шавад.
  2. Ҳайати комиссияи муштараки доимоамалкунаидаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намуданн мақоми гуреза ва Тартиби фаъолияти комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “30” ноябри соли 2018, № 568

тасдиқ шудааст

Ҳайати комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза

Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбари комиссия;

сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини роҳбари комиссия;

аъзои комиссия:

сармутахассиси раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон;

сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ҳамоҳангсози муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбеи хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

котиби комиссия – муовини сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “30” ноябри соли 2018, № 568

тасдиқ шудааст

 

Тартиби фаъолияти комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Тартиби мазкур фаъолияти комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гурезаро (минбаъд – комиссия) муайян мекунад.
  2. Комиссия мақоми муштараки доимоамалкунандаи машваратӣ ва байниидоравӣ мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба баррасии аризаи шахсони паноҳҷӯянда дар бораи пешниҳод намудани мақоми гуреза, қабул намудани қарор оид ба қатъ ё маҳрум намудани мақоми гуреза ташкил карда шудааст.
  3. Комиссия фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби мазкур ба роҳ мемонад.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ КОМИССИЯ

  1. Вазифаҳои асосии комиссия:

– таҳия ва тасдиқ намудани нақшаҳои кории фаъолият оид ба муайян намудани мақоми гуреза;

– ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ҳангоми муайян намудаии мақоми гуреза;

– қабул намудани қарорҳо оид ба эътироф намудани шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза;

– қабул намудани қарорҳо оид ба рад намудани эътирофи шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза;

– қабул намудани қарорҳо оид ба қатъи мақоми гуреза;

– қабул намудани қарорҳо оид ба маҳрум намудани мақоми гуреза;

– иҷро намудани дигар вазифаҳо, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

  1. Комиссия бо мақсади ҳалли вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

– мутахассисон, коршиносони дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ба маҷлиси комиссия даъват намояд;

– маълумот ва маводи лозимаро барои баррасии ариза оид ба эътироф намудани шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза, рад намудани эътирофи шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза, қабул намудани қарорҳо оид ба қатъ ва маҳрум намудани мақоми гуреза аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, кормандони онҳо ва шаҳрвандон тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ дархост намояд ва ба даст орад.

3. ВАКОЛАТИ РОҲБАР ВА АЪЗОИ КОМИССИЯ

  1. Роҳбари комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– комиссияро дар робитаҳои мутақобила бо дигар мақомот ва ташкилотҳо намояндагӣ менамояд;

– фаъолияти комиссияро роҳбарӣ мекунад;

– сана, вақт ва маҳалли баргузор намудани ҷаласаи комиссияро муайян менамояд ва рӯзномаи ҷаласаро пешниҳод мекунад;

– ҷаласаи комиссияро даъват ва роҳбарӣ менамояд;

– хангоми зарурат, бо ташаббуси худ ё бо пешниҳоди аъзои комиссия намояндагони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳоро бо ҳуқуқи овози машваратӣ барои иштирок дар ҷаласаи комиссия даъват мекунад;

– дар доираи ваколати худ бо намояндагони расмии созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муайян намудани мақоми гуреза ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ тибқи тартиби муайяншуда вохӯриҳо мегузаронад;

– вазифаҳоро байни аъзои комиссия тақсим мекунад;

– дигар ваколатҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишударо иҷро мекунад.

  1. Ваколати аъзои комиссия:

– дар банақшагирии кори комиссия ва ташкил намудани рӯзномаи ҷаласаҳо иштирок мекунанд ва пешниҳодҳо манзур мекунанд;

– дар доираи уҳдадориҳои вазифавии худ, бо дар назар доштани талабот ва тартиби муайяннамудаи тартиби мазкур, фаъолияти муштаракро оид ба масъалаҳои марбут ба муайян намудани мақоми гуреза анҷом медиҳанд;

– дигар ваколатҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишударо иҷро мекунанд.

4. ТАРТИБИ ДАЪВАТИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ВА ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚАРОР

  1. Ҷаласаҳои комиссия аз ҷониби роҳбари комиссия мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи комиссия, на камтар аз як маротиба дар як моҳ, даъват карда мешаванд. Ҷаласаҳои љайринавбатӣ метавонанд бо талаби роҳбар ё яке аз аъзои комиссия баргузор карда шаванд.
  2. Ҷаласаи комиссия дар ҳолате салоҳиятнок дониста мешавад, агар дар он на камтар аз се ду қиссаи шумораи умумии аъзои комиссия ҳузур дошта бошанд.
  3. Дар ҷаласаи комиссия ҳангоми баррасии масъалаҳои алоҳида шахсони даъватшуда иштирок мекунанд, ки рӯйхати онҳо дар рӯзномаи ҷаласаи дахлдори комиссия нишон дода мешавад. Дар ҷаласаҳои пӯшидаи комиссия танҳо аъзои комиссия метавонанд иштирок намоянд.
  4. Рӯзномаи ҷаласаҳо ва ҳуҷҷатҳои марбут ба масъалаҳои баррасишаванда ба аъзои комиссия на дертар аз се рӯзи корӣ то ҷаласа пешниҳод карда мешаванд.
  5. Ҷаласаҳои комиссия аз ҷониби роҳбари комиссия баргузор карда мешаванд. Роҳбари комиссия дар рафти ҷаласаҳо баррасии масъалаҳои рӯзнома ва мубодилаи афкорро ташкил намуда, лоиҳаҳои қарори комиссияро пас аз баррасии онҳо ба овоздиҳӣ мегузорад.
  6. Аъзои комиссия метавонанд пешниҳодҳои шифоҳиро дар мавриди рӯзнома то тасдиқ шудани он пешниҳод кунанд. Пас аз тасдиқи рӯзнома комиссия ба баррасии масъалаҳои рӯзнома аз рӯи навбат шурӯъ мекунад.
  7. Масъалаҳои аз ҷониби намояндаи ваколатдори шахси паноҳҷӯянда пешниҳодшуда барои баррасӣ ба аъзои комиссия ва иштироккунандагони ҷаласа пешниҳод карда мешавад.
  8. Комиссия аз рӯи натиҷаҳои масъалаҳои баррасишаванда қарор қабул менамояд, ки бо протокол ба расмият дароварда мешавад.
  9. Қарорҳои комиссия бо роҳи овоздиҳии ошкоро бо аксарияти овози аъзо, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, қабул карда мешавад. Агар ягон аъзои комиссия оид ба қарори аз ҷониби комиссия қабулшуда таклифу пешниҳод ва ё эрод дошта бошад, он ба қарори комиссия замима карда мешавад.
  10. Протоколи ҷаласаи комиссияро котиби комиссия тартиб медиҳад ва аз ҷониби роҳбари комиссия имзо карда мешавад.
  11. Баррасии ариза оид ба эътироф намудани шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун шахсони гуреза на дертар аз се моҳ пас аз рӯзи бақайдгирии ариза дар мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.
  12. Муҳлати баррасии ариза оид ба эътироф намудани шахси паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза мумкин аст аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ дар сурати мавҷуд будани мушкилиҳо ҷиҳати муайян намудани асоснокии хавфи мавриди таъқиб қарор гирифтани аризадиҳанда тамдид карда шавад, аммо на бештар аз се моҳ.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Таъминоти ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти комиссия аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.