07 Август, 2022

Риояи қонуният аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ

Кормандони шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД фаъолияти хизматии худро дар асоси қонунҳои амалкунанда, фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои ВКД ва ХШБ, инчунин дастуру супоришҳои сардори ХШБ полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир дуруст ба роҳ монда, баҳри пешрафти самти фаъолият, ба даст овардани эътимоди шаҳрвандон ва дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор будан, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар давоми панҷ моҳи сипаришудаи соли равон ҳайати шахсии шуъба бо мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар 16 меҳмонхонаву тарабхона, 20 ширкат, 20 манзили истиқоматӣ, 14 иншооти сохтмонӣ ва бозору марказҳои савдо санҷишҳои мақсаднок гузарониданд.

Дар рафти санҷишҳои муштарак муайян гардид, ки 146 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қонунҳои амалкунанда ва қоидаҳои будубош дар ҷумҳуриро вайрон намудаанд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 499, қисми 1 ва 470, қисмҳои 1 ва 4-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии ХШБ минбаъд низ донишу малакаи касбии худро баҳри рушду нумӯи давлат ва оромиву осоиштагии мардум равона намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва рафъи ҳама гуна қонуншиканиҳо саҳм мегузоранд.