08 Декабрь, 2021

Сафари хизматӣ ба РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт

    Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. бо ҳамроҳии сардори Шӯъбаи корҳои раводиди ва бақайдгирии ХШБ ВКД подполковники милитсия Рашидзода Ш.Р. ва нозири калони ХШБ подполковники милитсия Назарзода Ш. рӯзи 30 сентябри соли 2021 тибқи супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароитҳои хизматии Хадамоти шиносномавию баќайдгирии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияҳо он,  шинос шудаанд.

         Дар шаҳраки Ғарм бо сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия СаидзодаМ. вохӯрӣ анҷом дода, оид ба вазъи хизматӣ, аз ҷумла бо вазъи фаъолият дар самти шиносномавӣ дар минтақаи Рашт маълумот гирифта, баҳри бартараф намудани камбудиҳо изҳорӣ ақида намуд. Зеро дар ХШБ РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт шиносномаҳои беэътибор нобуд карда нашудаанд, маводҳо дар бойгонӣ ва утоқҳои кории кормандон бетартиб гузошта шудаанд.

    Дар рафти шиносоӣ бо шӯъбачаҳои шиносномавии ноҳияҳои минтақаи Рашт иҷроиши талаботҳои қарори ҷаласаҳои сайёри Мушовараҳои ВКД дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ба кормандони масъул дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.

         Дар ин сафар ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва воҳидҳои поёнии он:

         – Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Сангвор;

         -Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод;

         -Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Нуробод;

         – Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Лахш;

          Ба Хадамотҳои     шиносномавию    бақайдгирии  ташриф оварда, дар ин хадамотҳо тартиби қабули шаҳрвандон, муомилаи хуш бо шаҳрвандон, гӯшаҳои иттилоотӣ (нархномаҳо), шароити қабули шаҳрвандон, аз ҷумла нишастгоҳҳо барои нишастани шаҳрвандон, оби нӯшокӣ (куллер), кондитсионер, интизоми хизматӣ, таъмаҷӯӣ, тозагии ҳуҷраҳои корӣ, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02 соли 2019 таҳти №64 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7” вобаста ба ивази шиносномаи намунаи соли 2014 ва дигар масъалаҳои дахлдор шинос шудем.

         Дар рафти шиносоӣ маълум гардид, ки дар биноҳои ХШБ РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияи Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш даромадгоҳҳои алоҳида барои қабули шаҳрвандон таъмин карда шудааст.

         Дар ҳамаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД барои шароит фароҳам овардани қабули шаҳрвандон кондитсионер, нишастгоҳҳо, дастгоҳҳои оби нӯшокӣ (куллер), лавҳаҳои иттилоотӣ (оид ба нархномаҳо, тартиби гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ, номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳод-шаванда, масъалаҳои шаҳрвандӣ, гурезаҳо, бақайдгирии шаҳрвандон ва ғайраҳо) равон карда шуда буд, таъмин карда шудааст.

     Дар вақти шиносоӣ дар ҳамаи ХШБ-ҳо бо шаҳрвандон ва кормандон оиди хушмуомилагӣ, саривақт таъмин намудани шиносномаҳо, ба кашолкорӣ роҳ надодан, телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ва сардори ХШБ корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ гузаронида шуд.

         Ба масъулини хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дастур дода шуд, ки биноҳои ХШБ бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин карда шуда, низоми хизмат, пӯшидани сару либоси низомӣ, ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо, таъмаҷӯӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, муомилаи хуш бо шаҳрвандон риоя карда шаванд.

          Ба сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Лахш дастуру супориш дода шуд, ки дар байни аҳолӣ чораҳои профилактикӣ ва иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар бораи талаботи қонунгузории Ҷӯмҳурии Тоҷикистон оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва масъалаҳои шаҳрвандӣ гузаронида шавад.