08 Декабрь, 2021

Сафари хизматӣ ба вилояти Хатлон

Санаи 21 сентябри сол 2021 тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо роҳбарии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С., ҳайати гурӯҳи корӣ сардори Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ. ва нозири калони ШТНҲ ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Назарзода Ш.А., роҷеъ ба гузаронидани вохӯриҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сафари хизматӣ ташриф  овардаанд.

Сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. бо ҳайати гурӯҳи корӣ сардори ШШ ва КГ ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ., ва нозири калони ШТНҲ ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Назарзода Ш.А. ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷ. Балхӣ, Дустӣ, Кушониён, Вахш, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав ташриф оварда, бо кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин бо баъзе раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фаъолони ҷамоатҳо ва якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои судманд анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Пас аз гузаронидани вохӯрии судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар толори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласа бо иштироки ҳаммаи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Зимни гузаронидани ҷаласаи мазкур аз тарафи сардори ХШБ ВКД Љумњурии Тољикистон полковники милитсия Халилзода Њ.С.  ќайд гардид, ки бисёр вақтҳои охир баъзе кормандон ба сохтакории расидҳои бонкӣ ва ҳуҷҷатгузориҳо зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ роҳ медиҳанд, ки ин амали онҳо беназорат намемонад ва боиси паст задани ном ва  шаъну шарафи мақомот ва худ мегардад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи кормандон талаб намудаанд, ки зимни ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифтани расидҳои бонкӣ бодиққат бошанд. Ҳамзамон сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. қайд намуданд, ки аз рўи маълумотҳои дастрасгардидаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар давоми солҳои 2013 то моҳи апрели соли 2020, аз ноҳияҳои Абураҳмон Ҷомӣ – 12 нафар, Вахш – 24 нафар, Ҷайҳун – 8 нафар, Ҷалолиддини Балхӣ – 4 нафар, Мир Саид Ҳамадонӣ 1 нафар, Қубодиён – 2 нафар, Бохтар (Курғоан-Теппа)- 12 нафар, Кушониён- 7 нафар, Панҷ -1 нафар, Шаҳритус -94 нафар ва Ёвон -95 нафар (ҷамъ дар миқёси вилоят 264 нафар) сокинони қирғизтабор шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро қабул намудаанд.

Тибқи омӯзиш, таҳлил ва сабабҳои қабул намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин оиладор шудан бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, бо таври соддакардашуда ва дар муддати кӯтоҳ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Россия, барои аз рӯи квотаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо нархи нисбатан арзонтар ба ҳаҷ сафар намудан, дар мӯҳлати кӯтоҳ соҳиб шудан ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва полезӣ бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳои барзиёд, саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти Олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо Федератсияи Россия Шартнома дар бораи батанзимдарории масъалаҳои душаҳрвандӣ, ки соли 1995 ба имзо расидааст амал дорад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ихтиёран қабул намудани шаҳрванди давлати дигар, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартнома дар бораи душаҳрвандӣ надоранд, тибқи талаботи қонунгузорӣ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад.

Шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳанд ё расман аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебароянд, ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қонунгузорӣ будубош менамоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ интихоб ва таъйин шаванд, инчунин дар интихобот ва райпурсӣ иштирок намоянд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» – шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқи ҳамчун моликият ба даст овардани манзили истиқоматиро надоранд.

Таъкид карда шуд, ки шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро қабул кардаанд ва хоҳиши аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро доранд, метавонанд ба унвони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намоянд ва дар асоси он масъалаи муайян намудани мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Дар ин асос, аз тарафи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. ба раисони ҷамоатҳо пешниҳод карда шуд, ки якҷоя бо кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолони ҷомеа, ба шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон истиқомат мекунанд, вохӯриҳо гузаронида корҳои ташфиқотию тарғиботӣ дар минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар байни шаҳрвандони қирғизтабор баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстиву Ватанпарастӣ андешида шаванд.

Аз ҷониби сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. вобаста ба масъалаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»  ба ҳозирин мазмун ва моҳияти талаботҳои Қонуни мазкур расонида шуд. Қайд гардид, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта, ки то санаи 31.12.2016 сол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳуҷҷатҳои расмӣ ғайриқонунӣ истиқомат доранд, таҳти амали Қонуни мазкур фаро мегиранд. Муайянсозӣ ва қабули аризаҳо оиди бақайдгирии вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки таҳти амали Қонун фаро мегиранд, то санаи 25.12.2022 сол гузаронида мешаванд. Ба ҳозирин оиди мафҳумњои асосии Қонун, доираи амали он, мӯҳлат ва тартиби қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаҳмонида дода шуд. Шахсоне, ки дар даст шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, шиносномаи шаҳрванди давлатӣ хориљӣ, ки мӯҳлати эътибораш гузашта, гувоҳномаи иқомати доимӣ, ҳуҷҷати сафари шахсони бешаҳрванд ва ё маълумотномаи тасдиқкунандаи аз даст додани шањрванди давлати хориҷӣ дошта бошанд, метавонанд барои супоридани ҳуҷҷатҳои лозима ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.  Дар ин бобат барои муайян намудани шахсоне, ки таҳти амали Қонун фаро гирифта мешаванд, бо воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, мактабҳо, раисони маҳаллаҳо ва деҳотҳо ба воситаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони фаъоли шаҳру ноҳияҳо, барои роҳнамоии минбаъдаи онҳо ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист ташкил карда шаванд.

Инчунин, гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. ба ҳозирин оиди дар амал татбиқ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30.04.2016 сол №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки мӯҳлати ивази шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 (корти идентификатсионӣ) то санаи 15.02.2022 сол тамдид карда шудааст, корҳои фаҳмондадиҳиву мусоидаткунанда андешида шуд.

Дар охир сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. ба ҳозирин барои иштирокашон миннатдории хешро баён намуда, дар ҳолати пайдо гардидани муамоҳо дар самти шиносномавию бақайдгирї ба ҳозирин рақами телефони боварии худро 227-55-54 пешкаш намуданд.