12 Апрел, 2025

Сафари Сардори ХШБ ВКД ба вилояти Суғд

 Санаи 02.09.2021 сол тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо роҳбарии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С., бо ҳайати гурӯҳи корӣ: сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ. ва нозири калони ШТНҲ  ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Назарзода Ш.А., вобаста ба гузаронидани вохӯриҳо ва чорабиниҳои фањмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо сафари хизматӣ ташриф  овардаанд.

Санаи аз 3 то 4 сентябри соли 2021 сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. бо ҳайати гурӯҳи корӣ сардори ШШ ва КГ ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ., нозири калони ШТНҲ ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Назарзода Ш.А., сардори ХШБ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҳайдарзода Б., муовини сардори ХШБ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Фозилзода И. ва нозири калони гурӯҳӣ оид ба масъалаҳои  шаҳрвандии ХШБ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Раҳимзода А.А. ба шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара-1, Исфара-2, Исфара-3, Б.Ѓафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ташриф оварда, дар ҷамоатҳои деҳотӣ «Лоҳутӣ»-и шаҳри Конибодом, «Шаҳрак»-и шаҳри Исфара, «Хистеварз»-и ноҳияи Б.Ѓафуров, «Гулхона»-и ноҳияи Ҷ.Расулов ва «Куруш»-и ноҳияи Спитамен бо раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фаъолони ҷамоатҳо ва якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳо гузаронида шуд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои фањмондадиҳӣ аз тарафи сардори ХШБ Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С.  қайд гардид, ки аз рӯи маълумотҳои дастрасгардидаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар давоми солҳои 2013 то моҳи апрели соли 2020, аз шаҳри Конибодом – 437 нафар, шаҳри Исфара – 1.305 нафар, Б.Ғафуров – 453 нафар, Ҷ.Расулов – 438 нафар ва Спитамен – 228 нафар сокинони қирғизтабори шаҳру ноҳияҳои номбурда шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро қабул намудаанд.

Тибқи омӯзиш, таҳлил ва сабабҳои қабул намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тољикистон ин оиладор шудан бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, бо таври соддакардашуда ва дар муддати кӯтоҳ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Россия, барои аз рӯи квотаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо нархи нисбатан арзонтар ба Ҳаҷ сафар намудан, дар мӯҳлати кӯтоҳ соҳиб шудан ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва полезӣ бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳои барзиёдӣ, саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти Олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо Федератсияи Россия Шартнома дар бораи ба танзимдарории масъалаҳои душаҳрвандӣ, ки соли 1995 ба имзо расидааст амал дорад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ихтиёран қабул намудани шаҳрванди давлати дигар, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартнома дар бораи душаҳрвандӣ надоранд, тибқи қонунгузор шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад.

Шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳанд ё расман аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебароянд, ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қонунгузор будубош менамоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ интихоб ва таъйин шаванд, инчунин дар интихобот ва райпурсӣ иштирок намоянд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи вазъӣ ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» – шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқи ҳамчун моликият ба даст овардани манзили истиқоматиро надоранд.

Дар ин асос, аз тарафи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. ба раисони ҷамоатҳо пешниҳод карда шуд, ки якҷоя бо кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолони ҷомеа, ба шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон истиқомат мекунанд, вохӯриҳо гузаронида корҳои ташфиқотию тарғиботӣ дар бораи оқибатҳои аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар байни шаҳрвандон баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстиву Ватанпарастӣ андешида шаванд.

Аз ҷониби сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. вобаста ба масъалаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»  ба ҳозирин мазмун ва моҳияти талаботҳои Қонуни мазкур расонида шуд. Қайд гардид, ки тибқи қонунгузор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта, ки то санаи 31.12.2016 сол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳуҷҷатҳои расмӣ ғайриқонунӣ истиқомат доранд, таҳти амали Қонуни мазкур фаро мегиранд. Муайянсозӣ ва қабули аризаҳо оиди бақайдгирии вазъӣ ҳуқуқии шахсоне, ки таҳти амали Қонун фаро мегиранд, то санаи 25.12.2022 сол гузаронида мешаванд. Ба ҳозирин оиди мафҳумњои асосии Қонун, доираи амалӣ он, мӯҳлат ва тартиби қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаҳмонида дода шуд. Шахсоне, ки дар даст шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, шиносномаи шаҳрванди давлатӣ хориљҷӣ ки мӯҳлати эътибораш гузашта, гувоҳномаи иқомати доимӣ, ҳуҷҷати сафари шахсони бешаҳрванд ва ё маълумотномаи тасдиқкунандаи аз даст додани шањрванди давлати хориҷӣ дошта бошанд, метавонанд барои супоридани ҳуҷҷатҳои лозима ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.  Дар ин бобат барои муайян намудани шахсоне, ки таҳти амали Қонун фаро гирифта мешаванд, бо воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, мактабҳо, раисони маҳаллаҳо ва деҳотҳо ба воситаи ташкилотњҳи ҷамъиятӣ, шаҳрвандони фаъоли шаҳру ноҳияҳо, барои роҳнамоии минбаъдаи онҳо ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист ташкил карда шаванд.

Инчунин, гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. ба ҳозирин оиди дар амал татбиқ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30.04.2016 сол №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки мӯҳлати ивази шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 (корти идентификатсионӣ) то санаи 15.02.2022 сол тамдид карда шудааст, корҳои фањмондадиҳиву мусоидаткунанда андешида шуд.

Дар охир сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. ба ҳозирин барои иштирокашон миннатдории хешро баён намуда, дар ҳолати пайдо гардидани муамоҳо дар самти шиносномавию бақайдгирӣ ба ҳозирин рақами телефони боварии худро 227-55-54 пешкаш намуданд.