
Рӯзҳои 19-20 апрели соли 2021 ҳайати воломақоми ҷониби Федератсияи Россия бо роҳбарии Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия, А.Ю. Руденко бо мақсади муҳоқимаи масъалаҳои муҳоҷират ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҳайати меҳмонон кормандони Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, генерал-лейтенанти полиция Казакова Валентина Львовна ва кормандони ин ниҳод шомил будаанд.
19 апрели соли 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушуниди Тоҷикистону Россия оид ба муҳоқимаи маҷмӯи масъалаҳои асосии ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират барпо гардид.
Рӯзномаи рӯз аз 7 саволи зерин иборат буд:
- Дар бораи вазъи кунунии ҳамкорииТоҷикистону Россиядар соҳаи муҳоҷират.
- Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россиядар бораи тартиби будубоши шаҳрвандониҶумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроияи он.
- Дар бораи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россиядар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа.
- Дар бораи масъалаҳо, марбут ба татбиқи Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи батанзим даровардани масъалаҳои душаҳрвандӣ.
- Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вдар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оил ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи мубодилаи иттиллот дар шакли электронӣ оид ба масъалаҳои марбут ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Гуфтушунидро Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶУмҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодири ва Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Юрьевич Руденко роҳбари кардаанд.
Аз натиҷаҳои музокирот Протокол тартиб дода шуд ва ниҳодҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки ҷараёни мувофиқасозӣ, гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ва омодагиро барои баимзорасонидани Созишномаҳо тезонида карда шавад.
20 апрели соли 2021 ҳайати Вазорати корҳои дохилии Россия бо Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенати милитсия Аламшозода Абдураҳмон Алмашо вохӯрӣ кардаанд.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрам дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ ва муҳоқима карда шудаанд.
Дар давоми сафар 21-уми апрели соли 2021 Казакова В.Л. бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, буду бош, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро дар ин кишвар мавриди муҳоқима қдоданд.
Зимни суҳбат ҷониби Тоҷикистон аз суханронии муовини аввали Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Горовой Александр Владимирович, ки 16 апрели соли 2021 дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнидавлатии ИДМ садо дода буд, изҳори нигаронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки мавсуф зимни баромади худ ба намояндагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки “Айни замон дар ҳудуди давлати ман шаҳрвандони зиёде аз кишварҳои шумо ғайриқонунӣ қарор доранд. Агар мову шумо то 15 июн тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия шумораи онҳоро кам накунем, шаҳрвандони мазкур ба ҷазои хориҷшавӣ ва манъи вуруд гирифтор мешаванд”.
Вобаста ба масъалаи мазкур ҷониби Россия иттилоъ дод, ки айни замон дар ҳудуди кишвараш танҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 260 ҳазор шаҳрвандон ҳамчун аз қайд нагузашта тибқи қонунгузории Федератсияи Россия муайян шуда, рӯйхати онҳо ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдор барои барасмиятдарории будубоши онҳо дар Россия ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар рафти мулоқот лоиҳаи матни Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроияи он мавриди муҳокима қарор гирифт. Вобаста ба пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар бораи иловаҳо ба матни лоиҳаи Созишнома ҷониби Россия тафсир ва таҳриҳои зарурии худро пешкаш намуд.
Ҷониби Россия таклифҳои ҷониби Тоҷикистонро қабул намуда, таҳрирҳои зарурии ба моддаҳои 3 ва 8 пешниҳодшударо ҷиҳати ворид намудан ба матни лоиња розигї доданд. Њамчунин бо такя ба таҷрибаи татбиқи чунин созишномаҳо ҷониби Тоҷикистонро бовар кунонд, ки таҳвили шаҳрвандони реадмиссияшаванда характери оммавӣ надошта, татбиқи он ягон хароҷоти иловагиро аз буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намекунад.
Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон дар баробари баррасии лоиҳаи Созишномаи реадмиссия ҳамзамон масъалаи татбиқи авфро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор карда мешаванд ва нисбати онҳо қарор дар бораи манъи вуруд қабул карда шудааст, пешниҳод намуд. Айни замон шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати онҳо қарор дар бораи манъи вуруд қабул карда шудааст қариб 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора нисбати 126 ҳазор нафар аз ҷониби Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии начандон вазнин қарор қабул карда шудааст. Ҷониби Россия қайд намуд, ки вазъи кунунии 126 ҳазор шаҳрвандони моро дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорат ҳал намуда, уҳдадор шуданд, ки онҳоро аз рӯйхати маҳдудият хориҷ намоянд. Боқимонда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби бо ќарорњои судҳо воридшавиашон манъ будан, бояд бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Федератсияи Россия ҳаллу фасл карда шаванд
Ҳамкории судманд байни ду кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатњи баланди сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дорад.
Воҳӯриҳо дар фазои ҳарякдигарфаҳмӣ ва сатҳи баланди касбӣ баргузор гардидаанд.
Ҳамкории судманд дар тамоми самтҳо идома лорад.