30 Ноябр, 2020

Рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия

rpt

rpt

13 августи соли 2020 ба шаҳри Душанбе муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Оверчук Алексей Логвинович ташриф овард.

Дар доираи сафар Оверчук А.Л. бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳи Расулзода дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ мулоқот доир намуд. Вохӯрии ҷонибҳо ба ҳайси ҳамраисони Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисоди Тоҷикистону Россия гузашт.

Дар давоми мулоқот намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷонибҳо вохуриҳои алоҳида гузарониданд.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саидзода М.Б. дар ҷаласаи васеи Комиссияи муштарак иштирок намуданд ва дар доираи ҷаласа масъалаи баимзорасонии Созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират мавриди муҳоқима қарор дода шуд.

Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Носирзода А.Д. ва муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода бо муовини Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-майори политсия Демиденко Д.П. вохӯрии корӣ анҷом доданд. Дар вохӯрии ҷонибҳо ҳолати кор вобаста ба бастани Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба реадмиссия баррасӣ карда шуд.

Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва таҷлили фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар, таваҷҷӯҳи лозима карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо муҳоқима карда шуданд.

Баъд аз ангҷоми ҷаласаҳои Комиссияи муштарак дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчукро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъин гардидани Алексей Оверчук ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки ин механизми муҳими танзиму пешбурди муносибатҳои ҷонибҳоро дар арсаҳои мухталифи ҳамкориҳо таъқид карданд.