
Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур баҳри иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо маъракаи дар вазъияти тантанавӣ ва бошукӯҳ ба хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳандозӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 1337-адад мактабҳои ибтидоӣ, асосӣ, миёна, гимназия, литсей ва мактаб-интернетҳои кӯдакони ятим вуҷуд доранд, ки дар онҳо 47209-нафар хатмкунандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зимни вохӯрӣ бо хонандагон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими робитаи мактабу маориф бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, огоҳ намудани насли наврас аз хатарҳои терроризму экстремизм, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.
Аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон дар мактаби таҳсилоти умумии №39-и ноҳияи Кушониён, мактаби таҳсилоти умумии №56-и ноҳияи Вахш ва мактаби таҳсилоти умумии №16-и ноҳияи Дустӣ ба хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ шиносномаҳои умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Офоқ Қодириён