12 Октябрь, 2024

ҚҲҶТ №16 дар бораи тасдиқ намудани намунаҳо шинономахои хориҷӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани намунаҳо, таснифот, хусусиятҳои техникӣ ва муҳофизати технологии варақаҳои шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009 № 624 «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Тасдиқ карда шаванд:

Намунаҳои шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд (Замимаи 1);

— Таснифоти шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад (Замимаи 2);

— Таснифоти шиносномаи хидматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад (Замимаи 3);

— Таснифоти шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад (Замимаи 4);

— Хусусиятҳои техникӣ ва муҳофизати технологии варақаҳои шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд (Замимаи 5).

2) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ Дастурамал дар бораи Тартиби барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, таҳия ва тасдиқ намоянд.

3) Муқаррар карда шавад, ки минбаъд хариди варақаҳои холии шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, таъминоти техникӣ, азнавкунӣ ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти персонализатсионӣ, инчунин зиёд кардани миқдори марказҳои махзани маълумот (маълумотҷамъкунӣ) дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳисоби фурўши шиносномаҳои хориҷие, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 январи соли 2010 № 16

ш. Душанбе

*** Замимаи 1 оварда намешавад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2010 № 16

тасдиқ шудааст

Таснифоти шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад

1) Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад, аз кољази махсуси ҳифзкунанда бо нишонаҳои обӣ дар шакли «Тоҷ», тайёр карда мешавад.

2) Муқоваи қирмизиранги шиноснома бо кунҷҳои бурида аз маводи пластикии фарсуданашаванда тайёр карда мешавад.

3) Андозаи шиноснома 88Х125 мм буда, аз 48 саҳифа иборат аст.

4) Дар тарафи берунии рўйи муқова Нишони далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст; дар болои Нишони давлатӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»,, дар зери он «REPUBLIC OF TAJIKISTAN»,дар зери нишони давлатӣ бошад, «ШИНОСНОМАИ ДИПЛОМАТӢ» ва дар зери он «DIPLOMATIC PASSPORT». Дар қисми поёнии муқова нишони фарқкунандаи шиносномаҳои биометрӣ дар шакли тасвири росткунҷа ҷойгир шудааст. Навиштаҷот, тасвири Нишони давлатӣ бо ранги нуқрагӣ нақшбандӣ шудааст.

5) Ба сифати маълумоти электронӣ дар бораи соҳиби шиноснома, микросхема бо антенаи васлшаванда, ки ҳаҷми хотираи он 80 кб-ро ташкил медиҳад, истифода бурда мешавад. Дар микросхема акси рақамии соҳиби шиноснома, нақши ангуштон ва маълумоти биометрии соҳиби шиноснома дар шакли матн маҳфуз аст.

6) Дар тарафи дохилии қисми пеши муқоваи шиноснома (дар марказ) тасвири рангаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир, аст. Нишони давлатӣ бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Аз болои нақшу нигори миллӣ сатр бо матни хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN» ҷойгир аст, ки бо ёрии таҷҳизоти махсус хонда мешавад. Дар боло, аз тарафи чап тоҷ тасвир ёфтааст. Дар болои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни зерин бо забони тоҷикӣ дарҷ гардидааст: «Ин шиноснома моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Дўст хоҳишманд аст то ба соҳиби ин шиноснома шароити ҳаракати озод фароҳам созанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамкорӣ ва мусоидат намоянд. Шиносномаро бояд чун дигар воситаҳои электронӣ эҳтиёт намуд ва дар ҷойи хушк нигоҳ дошт. Онро бояд аз таъсири микромавҷҳо, ҳароратҳои шадиди пасту баланд ва фишори сахти механикӣ эмин нигоҳ дошт. Ин шиноснома аз 48 саҳифа иборат аст.». Дар зери Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни зерин бо забони англисӣ дарҷ гардидааст: «Тhis passport is the property of the Republic of Tajikistan. The Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan requests all authorities of Friendly States of allow free to the bearer of this passport, cooperate and assist in case of need. The passport should be kept and stored in a dry place. It should be treated like an electronic device. The passport should be kept out of microwaves exposure, high and low temperature and hard mechanical effect. This passport contains 48 pages». Дар марказ ба таври амудӣ рақами силсилавии шиноснома ҷойгир аст.

7) Тарафи пушти саҳифаи маълумот ранги сабзи ба ранги сурх табдилшаванда дорад. Дар маркази он тасвири «Қасри Миллат» бо ранги зард ҷойгир аст, ки зери нурҳои ултрабунафш ба ранги сурх иваз мешавад. Дар болои тасвири «Қасри Миллат» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Тасвири «Қасри Миллат» бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Аз боло, аз тарафи чап матни хурд «ҚАСРИ МИЛЛАТ» дарҷ гардидааст. Дар болои тасвири «Қасри Миллат» навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Дар зери тасвири «Қасри Миллат» навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «ШИНОСНОМАИ ДИПЛОМАТӢ DIPLOMATIC PASSPORT».

8) Дар саҳифаи маълумот аз боло дар байн навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Саҳифаи маълумот бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Дар боло аз тарафи чап тасвири рангаи мавҷдори парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаҷоти зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «ШИНОСНОМАИ ДИПЛОМАТИ DIPLOMATIC PASSPORT». Дар зери навиштаҷот ҷой барои нақшгузории лазерии акси сиёҳу сафеди рақамии соҳиби шиноснома бо андозаи 35х45мм, ки каме равшан карда шудааст, мавҷуд аст. Дар маркази саҳифаи форзатс тасвири харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатҳои он бо матни хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN» ҷудо карда шудаанд, ҷойгир аст. Саҳифаи маълумотӣ дорои қисми визуалӣ мебошад, ки дар он реквизитҳои зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «Навъ — Туре», «Силсила — Code», «№ шиноснома — Passport №». Аз тарафи рости ҷойи акси соҳиби шиноснома, навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «Насаб — Surname», «Ном — Name», «ШаҳрвандӣNationality» — дар хоначаи «шаҳрвандӣ» калимаи «TAJIKISTAN» навишта мешавад, «Санаи таваллуд — Date of Birth», «Ољози эътибор — Date of Issue», «Анҷоми эътибор — Date of Expire», «Мақоми шиносномадиҳандаAuthority», «Ҷинс — Sex» ва «Имзои соҳиби шиноснома — Holder^s signature». Дар зери ин реквизитҳо ба таври уфуқӣ бо шрифти хурд навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар шакли хати рост дарҷ гаштааст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Зери хат минтақаи чопӣ мавҷуд аст, ки дар он сабти чопи ҷойгир шудааст. Он аз маҷмўи ҳарфу рақамҳо, ки рамзи талаботҳои асосии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ, ки нисбат ба ин гуна ҳуҷатҳо пешниҳод шудааст, иборат аст.

9) Дар маркази саҳифаи якуми шиноснома тасвири «Қуллаи Сомонӣ» ҷойгир шудааст. Дар кунҷи рости болоии шиноснома матни зерин бо забони тоҷикӣ ҷойгир шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

10) Дар саҳифаҳои 1-48 рақами силсилавии шиносномаҳо бо нури лазерӣ дақиқ ва баробар сўрох карда шудаанд. Дар маркази саҳифаҳои шиноснома нақши харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷот бо ҳарфҳои хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштааст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Саҳифаҳои шиноснома ранги сурхи ба сабз ва боз ба сурх табдилшаванда дошта, бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудаанд. Дар қисми поёнии саҳифаҳо навиштаҷоти «ШИНОСНОМА PASSPORT» мавҷуд аст. Шумораи саҳифаҳо дар қисми поёнии саҳифаҳо дар назди хати буриш ҷойгиранд.

11) Саҳифаҳои 2-45 барои часпонидани раводидҳои кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудаанд. Аз боло дар марказ навиштаҷоти зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштааст: «Раводид/Visas».

12) Саҳифаҳои 46-47 барои қайдҳои махсус пешбинӣ шудаанд. Аз боло дар марказ навиштаҷоти зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштааст: «Қайдҳои махсус/Observation pages».

13) Дар сахифаи 48 маълумоти зерин барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо забони тоҷикӣ дарҷ гардидааст:

«Шиноснома муҳимтарин санади шаҳрвандӣ ва муайянкунандаи шахсияти Шумо аст. Дар ҳолатҳои дуздӣ, гум шудан ва ё фарсуда гардидани шиноснома бояд фавран ба шўъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ ва ё агар ин ҳодиса дар хориҷа рўй дода бошад, ба наздиктарин сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шавад.

Ҳангоми мусофират ба кишвари хориҷӣ Шумо зери амали қонунгузории он кишвар қарор мегиред. Ҷазо барои вайрон кардани қонунҳои маҳаллӣ, ҳатто агар нафаҳмида сурат гирад ҳам, метавонад аз ҷазоҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамин гуна қонуншиканӣ пешбинӣ шудааст, сахттар бошад. Барои мубодилаи пул ё харидани тўҳфа танҳо ба нуқтаҳои расмӣ муроҷиат кунед. Агар ба мушкилие дучор шудед, ба наздиктарин сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Агар Шуморо боздошт намоянд, вохўриро бо консули Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоед.

Ҳангоми сафари тўлонӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва ё иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар тавассути телефон ё шахсан дар сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаред. Дар акси ҳол Шумо метавонед шаҳрвандии худро гум кунед.

Душаҳрвандӣ иҷозат дода намешавад, ба љайр аз ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.».

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2010 № 16

тасдиқ шудааст

Таснифоти шиносномаи хидматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад

1) Шиносномаи хидматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад, аз кољази махсуси ҳифзкунанда бо нишонаҳои обӣ дар шакли «Тоҷ», тайёр карда мешавад.

2) Муқоваи сиёҳи шиноснома бо кунҷҳои бурида аз маводи пластикии фарсуданашаванда тайёр карда мешавад.

3) Андозаи шиноснома 88Ҷ125 мм буда, аз 48 саҳифа иборат аст.

4) Дар тарафи берунии рўйи муқова Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст; дар болои Нишони давлатӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», дар зери, он «REPUBLIC OF TAJIKISTAN, дар зери Нишони давлатӣ бошад, «ШИНОСНОМАИ ХИДМАТИ» ва дар зери он «SERVICE PASSPORT». Дар қисми поёнии муқова нишони фарқкунандаи шиносномаҳои биометрӣ дар шакли тасвири росткунҷа ҷойгир шудааст. Навиштаҷот, тасвири Нишони давлатӣ бо ранги нуқрагӣ нақшбандӣ шудааст.

5) Ба сифати маълумоти электронӣ дар бораи соҳиби шиноснома, микросхема бо антенаи васлшаванда, ки ҳаҷми хотираи он 80 кб-ро ташкил медиҳад, истифода бурда мешавад. Дар микросхема акси рақамии соҳиби шиноснома, нақши ангуштон ва маълумоти биометрии соҳиби шиноснома дар шакли матн маҳфуз аст.

6) Дар тарафи дохилии қисми пеши муқоваи шиноснома (дар марказ) тасвири рангаи Нишони давлатаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Нишони давлатӣ бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Аз болои нақшу нигори миллӣ сатр бо матни хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN» ҷойгир аст, ки бо ёрии таҷҳизоти махсус ховда мешавад. Дар боло, аз тарафи чап тоҷ тасвир ёфтааст. Дар болои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни зерин бо забони тоҷикӣ дарҷ гардидааст: «Ин шиноснома моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Дўст хоҳишманд аст то ба соҳиби ин шиноснома шароити ҳаракати озод фароҳам созанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамкорӣ ва мусоидат намоянд, Шиносномаро бояд чун дигар воситаҳои электронӣ эҳтиёт намуд ва дар ҷойи хушк нигоҳ дошт. Онро бояд аз таъсири микромавҷҳо, ҳарорати шадиди пасту баланд ва фишори сахти механикӣ эмин нигоҳ дошт. Ин шиноснома аз 48 саҳифа иборат аст.». Дар зери Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни зерин бо забони англисӣ дарҷ гардидааст: «Тhis passport is the property of the Republic of Tajikistan. The Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan requests all authorities of Friendly States of allow free to the bearer of this passport, cooperate and assist in case of need. The passport should be kept and stored in a dry place. It should be treated like an electronic device. The passport should be kept out of microwaves exposure, high and low temperature and hard mechanical effect. This passport contains 48 pages.». Дар марказ ба таври амудӣ рақами силсилавии шиноснома ҷойгир аст.

7) Тарафи пушти саҳифаи маълумот ранги сабзи ба ранги сурх табдилшаванда дорад. Дар маркази он тасвири «Қасри Миллат» бо ранги зард ҷойгир аст, ки зери нурҳои ултрабунафш ба ранги сурх иваз мешавад. Дар болои тасвири «Қасри Миллат» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Тасвири «Қасри Миллат» бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Аз боло, аз тарафи чап матни хурд «ҚАСРИ МИЛЛАТ» дарҷ гардидааст. Дар болои тасвири «Қасри Миллат» навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN» Дар зери тасвири «Қасри Миллат» навиштаҷот бо забонҳои _тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «ШИНОСНОМАИ ХИДМАТИ SERVICE PASSPORT».

8) Дар саҳифаи маълумот аз боло дар байн навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Саҳифаи маълумот бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Дар боло аз тарафи чап тасвири рангаи мавҷдори парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаҷоти зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «ШИНОСНОМАИ ХИДМАТИ SERVICE PASSPORT». Дар зери навиштаҷот ҷой барои нақшгузории лазерии акси сиёҳу сафеди рақамии соҳиби шиноснома бо андозаи 35х45мм, ки каме равшан карда шудааст, мавҷуд аст. Дар маркази саҳифаи фарзатс тасвири харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатҳои он бо матни хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN» ҷудо карда шудаанд, ҷойгир аст. Саҳифаи маълумот дорои қисми визуалӣ мебошад, ки дар он реквизитҳои зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «Навъ — Туре», «Силсила — Code», «№ шиноснома — Passport №». Аз тарафи рости ҷойи акси соҳиби шиноснома, навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «Насаб — Surname», «Ном — Name», «Шаҳрвандӣ — Nationality» — дар хоначаи «шаҳрвандӣ» калимаи «TAJIKISTAN» навишта мешавад, «Санаи таваллуд — Date of Birth», «Ољози эътибор — Date of Issue», «Анҷоми эътибор — Date Of Ехрirе», «Мақоми шиносномадиҳанда — Authority», «Ҷинс — Sex» ва «Имзои соҳиби шиноснома — Holder^s signature». Дар зери реквизитҳо ба таври уфуқӣ бо шрифти хурд навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар шакли хати рост дарҷ гаштааст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Зери хат минтақаи чопӣ мавҷуд аст, ки дар он сабти чопӣ ҷойгир шудааст. Он аз маҷмўи ҳарфу рақамҳо, ки рамзи талаботи асосии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ, ки нисбат ба ин гуна ҳуҷатҳо ташниҳод шудааст, иборат аст.

9) Дар маркази саҳифаи якуми шиноснома тасвири «Қуллаи Сомонӣ» ҷойгир шудааст. Дар кунҷи рости болоии шиноснома матни зерин бо забони тоҷикӣ ҷойгир шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

10) Дар саҳифаҳои 1-48 рақами силсилавии шиносномаҳо ҳамаи саҳифаҳои дохилӣ бо нури лазерӣ дақиқ ва баробар сўрох карда шудаанд. Дар маркази саҳифаҳои шиноснома нақшаи харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷот бо ҳарфҳои хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштаасг: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Саҳифаҳои шиноснома ранги сурхи ба сабз ва боз ба сурх табдилшаванда дошта, бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудаанд. Дар қисмати поёнии саҳифаҳо навиштаҷоти «ШИНОСНОМА PASSPORT» мавҷуд аст. Шумораи саҳифаҳо дар қисми поёнии саҳифа дар назди хати буриш ҷойгиранд.

11) Саҳифаҳои 2-45 барои часпонидани раводидҳои кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудаанд. Аз боло дар марказ навиштаҷоти зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштааст: «Раводид/Visas».

12) Саҳифаҳои 46 47 барои қайдҳои махсус пешбинӣ шудаанд. Аз боло дар марказ навиштаҷоти зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштааст: «Қайдҳои махсус\Observation pages».

13) Дар саҳифаи 48 маълумоти зерин барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо забони тоҷикӣ дарҷ гардидааст:

«Шиноснома муҳимтарин санади шаҳрвандӣ ва муайянкунандаи шахсияти Шумо аст. Дар ҳолатҳои дуздӣ, гум шудан ва ё фарсуда гардидани шиноснома бояд фавран ба шўъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ ва ё агар ин ҳодиса дар хориҷа рўй дода бошад, ба наздиктарин сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шавад.

Ҳангоми мусофират ба кишвари хориҷӣ Шумо зери амали қонунгузории он кишвар қарор мегиред. Ҷазо барои вайрон кардани қонунҳои маҳаллӣ, ҳатто агар нафаҳмида сурат гирад ҳам, метавонад аз ҷазоҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамин гуна қонуншиканӣ пешбинӣ шудааст, сахттар бошад. Барои мубодилаи пул ё харидани тўҳфа танҳо ба нуқтаҳои расмӣ муроҷиат кунед. Агар ба мушкилие дучор шудед, ба наздиктарин сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Агар Шуморо боздошт намоянд, вохўриро бо консули Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоед.

Ҳангоми сафари тўлонӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва ё иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар тавассути телефон ё шахсан дар сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаред. Дар акси ҳол Шумо метавонед шаҳрвандии худро гум кунед.

Душаҳрвандӣ иҷозат дода намешавад, ба љайр аз ҳолатҳае, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.».

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2010 № 16

тасдиқ шудааст

Таснифоти шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад

1) Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад, аз кољази махсуси ҳифзшаванда бо нишонаҳои обӣ дар шакли «Тоҷ», тайёр карда мешавад.

2) Муқоваи хокистарранги шиноснома бо кунҷҳои бурида аз маводи пластики фарсуданаванда тайёр карда мешавад.

3) Андозаи шиноснома 88X125 мм буда, аз 48 саҳифа иборат аст.

4) Дар тарафи берунии рўйи муқова Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст; дар болои Нишони давлатӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», дар зери он «REPUBLIC OF TAJIKISTAN» ва дар зери он «PASSPORT». Дар қисми поёнии муқова нишони фарқкунандаи шиносномаҳои биометрӣ дар шакли тасвири росткунҷа ҷойгир шудааст. Навиштаҷот, тасвири Нишони давлатӣ бо ранги нуқрагӣ нақшбандӣ шудааст.

5) Ба сифати маълумоти электронӣ дар бораи соҳиби шиноснома, микросхема бо антенаи васлшаванда, ки ҳаҷми хотираи он 80 кб-ро ташкил медиҳад, истифода бурда мешавад. Дар микросхема акси рақамии соҳиби шиноснома, нақши ангуштон ва маълумоти биометрии соҳиби шиноснома дар шакли матн маҳфуз аст.

6) Дар тарафи дохилии қисми пеши муқоваи шиноснома (дар марказ) тасвири рангаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Нишони давлатӣ бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Аз болои нақшу нигори миллӣ сатр бо матни хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN» ҷойгир аст, ки бо ёрии таҷҳизоти махсус хонда мешавад. Дар боло, аз тарафи чап тоҷ тасвир ёфтааст. Дар болои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни зерин бо забони тоҷикӣ дарҷ гардидааст: «Ин шиноснома моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз тамоми мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Дўст хоҳиш мешавад то ба соҳиби ин шиноснома, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва сафари хориҷӣ дорад, ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Шиносномаро бояд чун дигар воситаҳои электронӣ эҳтиёт намуд ва дар ҷойи хушк нигоҳ дошт. Онро бояд аз таъсири микромавҷҳо, ҳарорати шадиди пасту баланд ва фишори сахти механикӣ эмин нигоҳ дошт. Ин шиноснома аз 48 саҳифа иборат аст.» Дар зери Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни зерин бо забони англисӣ дарҷ гардидааст: «Тhis passport is the property of the Republic of Tajikistan. Authorities of Friendly States are requested to extend all courtesies to the bearer of this passport, citizen of the Republic of Tajikistan in traveling abroad. The passport should be kept and stored in a dry place. It should be treated like an electronic device. The passport should be kept out of microwaves exposure, high and low temperature and hard mechanical effect. This passport contains 48 pages.». Дар марказ ба таври амудӣ рақами силсилавии шиноснома ҷойгир аст.

7) Тарафи пушти саҳифаи маълумот ранги сабзи ба ранги сурх табдилшаванда дорад. Дар маркази он тасвири «Қасри Миллат» бо ранги зард ҷойгир аст, ки зери нурҳои ултрабунафш ба ранги сурх иваз мешавад. Дар болои тасвири «Қасри Миллат» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Тасвири «Қасри Миллат» бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Аз боло, аз тарафи чап матни хурд «ҚАСРИ МИЛЛАТ» дарҷ гардидааст. Дар болои тасвири «Қасри Миллат» навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Дар зери тасвири «Қасри Миллат» навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «ШИНОСНОМА PASSPORT».

8) Дар саҳифаи маълумот аз боло дар байн навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир аст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Саҳифаи маълумот бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст. Дар боло аз тарафи чап тасвири рангаи мавҷдори Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаҷот зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «ШИНОСНОМА PASSPORT». Дар зери навиштаҷот ҷой барои нақшгузории лазерии акси сиёҳу сафеди рақамии соҳиби шиноснома бо андозаи 35х45мм, ки каме равшан карда шудааст, мавҷуд аст. Дар маркази саҳифаи фарзатс тасвири харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатҳои он бо матни хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN» ҷудо карда шудаанд, ҷойгир аст. Саҳифаи маълумот дорои қисми визуалӣ мебошад, ки дар он реквизитҳои зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «Навъ — Туре», «Силсила — Code», «№ шиноснома — Passport №». Аз тарафи рости ҷойи акси соҳиби шиноснома, навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гардидааст: «НасабSurname», «Ном — Name», «Шаҳрвандӣ — Nationality» — дар хоначаи «шаҳрвандӣ» калимаи «TAJIKISTAN» навишта мешавад, «Санаи таваллудDate of Birth», «Ољози эътибор — Date of Issue», «Анҷоми эътиборDate Of Ехрirе», «Мақоми шиносномадиҳанда — Authority», «Ҷинс — Sex» ва «Имзои соҳиби шиноснома — Holder^s signature». Дар зери реквизитҳо ба таври уфуқӣ бо шрифти хурд навиштаҷот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар шакли хати рост дарҷ гаштааст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Зери хат минтақаи чопӣ мавҷуд аст, ки дар он сабти чопӣ ҷойгир шудааст. Он аз маҷмўи ҳарфу рақамҳо, ки рамзи талаботҳои асосии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ, ки нисбат ба ин гуна ҳуҷатҳо пешниҳод шудааст, иборат аст.

9) Дар маркази саҳифаи якуми шиноснома тасвири «Қуллаи Сомонӣ» ҷойгир шудааст. Дар кунҷи рости болоии шиноснома матни зерин бо забони тоҷикӣ ҷойгир шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

10) Дар саҳифаҳои 1-48 рақами силсилавии шиносномаҳо ҳамаи саҳифаҳои дохилӣ бо нури лазерӣ дақиқ ва баробар сўрох карда шудаанд. Дар мобайни саҳифаҳои шиноснома нақши харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷот бо ҳарфҳои хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштааст: «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN». Саҳифаҳои шиноснома ранги сурхи ба сабз ва боз ба сурх табдилшаванда, бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудаанд. Дар қисмати поёнии саҳифаҳо мавиштаҷоти «ШИНОСНОМА РА88РОКТ» мавҷуд аст. Шумораи саҳифаҳо дар қисми поёнии саҳифаҳо дар назди хати буриш ҷойгиранд.

11) Саҳифаҳои 2-45 барои часпонидани раводидҳои кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудаанд. Аз боло дар марказ навиштаҷоти зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштааст: «Раводид/Visas».

12) Саҳифаҳои 46-47 барои қайдҳои махсус пешбинӣ шудаанд. Аз боло дар марказ навиштаҷоти зерин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дарҷ гаштааст: «Қайдҳои махсус/Observation pages.

13) Дар саҳифаи 48 маълумоти зерин барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо забони тоҷиқӣ дарҷ гардидааст:

«Шиноснома муҳимтарин санади шаҳрвандӣ ва муайянкунандаи шахсияти Шумо аст. Дар ҳолатҳои дуздӣ, гум шудан ва ё фарсуда гардидани шиноснома бояд фавран ба шўъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ ва ё агар ин ҳодиса дар хориҷа рўй дода бошад, ба наздиктарин сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шавад.

Ҳангоми мусофират ба кишвари хориҷӣ Шумо зери амали қонунгузории он кишвар қарор мегиред. Ҷазо барои вайрон кардани қонунҳои маҳаллӣ, ҳатто агар нафаҳмида сурат гирад ҳам, метавонад аз ҷазоҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамин гуна қонуншиканӣ пешбинӣ шудааст, сахтгар бошад. Барои мубодилаи пул ё харидани тўҳфа танҳо ба нуқтаҳои расмӣ муроҷиат кунед. Агар ба мушкилие дучор шудед, ба наздиктарин сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Агар Шуморо боздошт намоянд, вохўриро бо консули Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоед.

Ҳангоми сафари тўлонӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва ё иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар тавассути телефонӣ ё шахсан дар сафорат ва ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаред. Дар акси ҳол Шумо метавонед шаҳрвандии худро гум кунед.

Душаҳрвандӣ иҷозат дода намешавад, ба љайр аз ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.».

Замимаи 5

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2010 № 16

тасдиқ шудааст

Хусусиятҳои техникӣ ва муҳофизати технологии варақаҳои шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд

1. Муқоваи 8к1Уег1ех Зесига

Қољази мустаҳкам, фарсуданашаванда , пигменткардашуда ва лакпуш.

Саҳифаи маълумоти бақайдгирӣ дар натиҷаи бо гармӣ коркард шудани қабатҳояш ба гармӣ тобовар.

Ранг: қирмизиранг, сиёҳ, хокистарранг. Барои бо сифати олӣ нақшбандии нуқрагӣ кардан. Љафсиаш 13 р1 = 0,30 тт. (барои шиносномаи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии ТБАГ).

2. Тасмаи мустаҳкамкунӣ (тасмаи муқова) нахи матоӣ бо қабати кољазӣ барои нопадид намудани риштаи дарздўзӣ.

3. Фолгаи гарми қолибӣ (нуқрагӣ)

Фолгаи ҷилодори қолибии металӣ барои муқоваи шиноснома.

Зерқабат: полистер, гафсиаш 12 миллимикрон. Ҳарорати қолибгарӣ: 120 дараҷаи Селсия, ҳангоми қабатгузории минбаъдаи шиноснома то 180 дараҷаи Селсия тобовар аст.

4. Тасмаи дарздўзӣ

Нахҳои болоӣ ва поёнӣ барои дўхтани атрофи кољаз бо саҳифаҳои дохилӣ.

Мавод: полиамиди сафеди 100 фоиза, кабуди флюоресентӣ

5. Ширеш

Навъ: 1) А23К1 (РVA)

2) ширеши флюоресентӣ дар ҷойҳои дўхтан.

Барои ширеш кардани маводи муқова ба саҳифаҳои духташудаи дохилӣ.

6. Саҳифаҳои раводид

Реаксияи кимиёвӣ ба ишкор, маводи ҳалкунандаи полярӣ ва љайриполярӣ.

Таркиб: 50 фоиз пахта, 50 фоиз селюлозаи сафед, зиччӣ 90 г/м2.

Дараҷаи муҳофизат: нишони обии «Тоҷ», нахҳои ноаёни сабзу сурх.

Мўҳри дорои 7 ранг, аз ҷумла зери шуъоҳои ултрабунафш аён, мўҳри хурд, гилйеш, шумораҳои тартибии сурохшуда.

7. Саҳифаи маълумоти шиноснома аз поликарбонат тайёр карда шудааст.

8. Андозаи шиноснома 88Ҷ125 мм. Шиноснома ба меъёрҳои байналмилалии 1САО ва 13О 9002 ҷавобгў мебошад.

9. Саҳифаи маълумот ба таври лазерӣ персонализатсия мешавад. Акси соҳиби шиноснома дар тарафи рости шиноснома дубора тавассути нақшгузории лазери ҷойгир карда мешавад, ки аз он нусха бардоштан имкон надорад. Зери акси соҳиби шиноснома хати мавҷдор мегузарад, ки бо ёрии асбобҳои махсус хонда мешавад ва тавассути нақшгузории лазерӣ гузошта мешавад. Дар ин хат бо ҳарфҳои хурд маълумоти биометрии соҳиби шиноснома ҷойгир карда шудааст. Рақами шиноснома тавассути нақшгузории лазерӣ тавре персонализатсия карда мешавад, ки онро нусхабардорӣ, иваз ва шуста намешавад. Онро бо даст ламз кардан мумкин аст.

10. Дар варақаҳои шиносномаҳо мумкин аст унсурҳои иловагии муҳофизатӣ истифода шаванд, ки барои баланд бардоштани муҳофизатнокии маълумоте, ки дар шиноснома маҳфуз аст, инчунин барои ҳифз кардани варақаи шиноснома аз сохтакорӣ ва истифодаи љайриқонунии маълумоти электроние, ки дар он ҷойгир карда шудааст, равона карда мешавад.