12 Октябрь, 2024

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим дароварда, асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни конститутсионии мазкур истифода мешаванд:

– шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон –шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад; 

– шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон –робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мутақобилаи тарафҳоро дар бар мегирад;

– шаҳрванди хориҷӣ –шахсе, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надошта, шаҳрванди давлати хориҷӣ мебошад;

– шахси бешаҳрванд – шахсе, ки тибқи қонунгузории ягон давлат шаҳрванди он ҳисобида намешавад;

– душаҳрвандӣ – дорои шаҳрвандии давлати хориҷӣ будани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани шаҳрванди хориҷӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон;

– кӯдак –шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;

– истиқомат кардан– сукунати шахс бо асосҳои қонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он;

– истиқомати доимӣ– истиқомати бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ё шaxcи бешаҳрванд аз рӯи гувоҳномаи иқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– гувоҳномаи иқомат–ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Тоҷикистон. 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба шаҳрвандӣ

Ҳангоми ҳалли масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон татбиқ мегарданд. 

Моддаи 4. Принсипҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— ҳуқуқи ҳар шахс ба шаҳрвандӣ;

— баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста ба асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ;

— мусоидат ба пешгирии бешаҳрвандӣ;

— нигоҳ доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷои истиқомат, бастан ва бекор кардани ақди никоҳ.

Моддаи 5. Манъи  ба давлати хориҷӣ супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати хориҷӣ супоридан манъ аст.

2. Супоридани шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

Моддаи 6. Мусоидат ба пешгирии бешаҳрвандӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудани шахси бешаҳрвандро дастгирӣ намуда, барои ба шаҳрвандии давлати дигар соҳиб шудани ӯ монеъ намешавад.

Моддаи 7. Нигоҳ доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бастан ва (ё) бекор кардани ақди никоҳ

1. Бастани ақди никоҳ ва (ё) бекор кардани он байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, боиси тағйир додани шаҳрвандии онҳо намегардад.

2. Дигар кардани шаҳрвандии яке аз ҳамсарон боиси тағйир додани шаҳрвандии ҳамсари дигар намегардад.

3. Бекор кардани ақди никоҳ боиси тағйир додани шаҳрвандии кӯдакони аз ҳамин никоҳ таваллудшуда ё фарзандхондшудаи ҳамсарон намегардад.

Моддаи 8. Соҳиб шудан ба душаҳрвандӣ

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандии дигар давлатро низ дорад, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон нишон дода шудаанд.

2. Соҳиб шудан ба душаҳрвандӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 9. Шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ба шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҷомеаи ҷаҳонӣ хизматҳои шоён кардааст, мумкин аст бо розигии ӯ шаҳрвандии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

2. Тартиби додани шаҳрвандии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низомномаи шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян менамояд.

Моддаи 10. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмие мебошад, ки дар он шаҳрвандии шахс нишон дода мешавад.

2. Номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 11. Ҳимоя ва пуштибонии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор мебошад.

2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои дигари расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра истифода бурдан аз тамоми ҳуқуқҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ дар давлати истиқомат ё давлате, ки дар он қарор дорад, мусоидат намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ӯро ҳимоя намоянд.

БОБИ 2.
СОҲИБ ШУДАН БА ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 12. Асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ба даст оварда мешавад:

— аз рӯи таваллуд;

— дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ;

— дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ;

— бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 13. Соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таваллуд

1. Кӯдаке, ки падару модари ӯ ё падар ё модари ягонаи ӯ ҳангоми таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

2. Ҳангоми гуногун будани шаҳрвандии падару модар, ки яке аз онҳо дар вақти таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мешавад, агар ӯ:

— дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда бошад;

— берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ ё яке аз онҳо дар ин вақт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошанд.

3. Дар сурати гуногун будани шаҳрвандии падару модар, ки яке аз онҳо дар лаҳзаи таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад, дар ин вақт онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошанд, шаҳрвандии кӯдаки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллудёфта аз рӯи розигии хаттии падару модар муайян карда мешавад. Дар сурати ба мувофиқа наомадани падару модар дар давоми то се моҳ аз лаҳзаи таваллуди кӯдак, агар тибқи қонунгузории давлати ҷои таваллуд ба ӯ шаҳрвандии ҳамон давлат дода нашуда бошад, кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.  

4. Кӯдаке, ки яке аз падар ё модари ӯ дар лаҳзаи таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре шахси бешаҳрванд ё шахси номаълум бошад, новобаста аз ҷои таваллуди кӯдак, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

5. Дар ҳолати муқаррар намудани падарии кӯдаке, ки модараш шахси бешаҳрванд буда, падараш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

6. Дар мавриди муқаррар намудани ҳолати таваллуди кӯдак аз зане, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падараш шахси бешаҳрванд мебошад, кӯдак, новобаста аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

7. Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони бешаҳрванде, ки ҳар ду ё яке аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

8. Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ номаълуманд, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мегардад.

9. Кӯдаки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллудшуда, ки падару модари ӯ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ё яке аз онҳо шаҳрванди хориҷӣ, дигараш шахси бешаҳрванд ва ё номаълум бошад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, агар мутобиқи қонунгузории он давлатҳо ба ӯ шаҳрвандӣ дода нашуда бошад.

Моддаи 14. Қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро дар асоси дархости онҳо мутобиқи Қонуни конститутсионии мазкур ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудан мумкин аст.

2. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва (ё) моддӣ, ҳуқуқ доранд дар бораи қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд.

Моддаи 15. Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

— истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат то муроҷиат намудан бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар берун баромадани якдафъаинаи ӯ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол на зиёда аз се моҳро ташкил намояд, ба истиснои таҳсил, муолиҷа ва сафари хизматӣ;

— донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират;

— таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан.

Моддаи 16. Қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тартиби содакардашуда

1. Бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда бе риоя намудани шартҳои дар сархатҳои якум ва дуюми моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ва бе пешниҳоди гувоҳномаи иқомат шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди зерин метавонанд муроҷиат намоянд:

— шахсе, ки дастовардҳои олӣ дар соҳаи илму техника, тандурустӣ ва варзиш, хизмати шоиста дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии арзишҳои умумибашарӣ дошта бошад;

— ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро доштанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд;

—  кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти васоят ё парастории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;

— кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаи дигари ба ин монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;

— шахсе, ки дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошта, дар давлатҳое, ки ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ шомил буданд, истиқомат мекард ё мекунад, вале шаҳрвандии ин давлатҳоро нагирифта, дар натиҷа, шахси бешаҳрванд гаштааст.

2. Бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кам намудани нисфи муҳлати истиқомати доимӣ, ки дар сархати якуми моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ гардидааст, шахсони зерин метавонанд муроҷиат намоянд:

— шахси бешаҳрванд, ба истиснои шахсони дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи мазкур зикршуда;

— шаҳрванди хориҷие, ки ҳангоми таваллуд падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандии давлати хориҷиро аз рӯи таваллуд соҳиб шуда бошад, дар давоми панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ;

— шаҳрванди хориҷие, ки падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

— шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошт.

3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида масъалаи қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд.

Моддаи 17. Барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шахсоне, ки бо сабаби тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд  тибқи дархосташон дар муддати панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

2. Шахсоне, ки бо сабаби фарзандхондӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

3. Шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд  тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

Моддаи 18. Асосҳои рад кардани қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дархости қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда мешавад, агар дархостдиҳанда:

— маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда бошад;

— бо кирдори худ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд;

— узви ҳизб ва ташкилотҳои дигаре бошад, ки фаъолияти онҳо расман дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;

— барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шуда бошад;

— таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошта бошад;

— ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ адо карда истода бошад;

— шаҳрванди давлати хориҷие бошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандӣ надошта бошад.

Моддаи 19. Интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳангоми тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар ҳудуди мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд тибқи тартиб ва муҳлати пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намоянд.

БОБИ 3.
ҚАТЪ НАМУДАНИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 20. Асосҳои қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

— баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— бо роҳи интихоб намудани шаҳрвандии давлати дигар дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 21. Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 22 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ гардидаанд.

2. Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Агар дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани кӯдаки то синни чордаҳе, ки яке аз падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаре шаҳрванди хориҷӣ мебошад ё ин ки падар ё модари ягонаи ӯ шаҳрванди хориҷӣ мебошад, аз рӯи дархости падару модар ва ё падар ё модари ягонаи ӯ амалӣ мегардад.

Моддаи 22. Асосҳои рад намудан барои аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан

Асосҳои рад намудан барои аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан инҳоянд:

— гирифтани даъватнома ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ (то ба анҷом расидани он);

— таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор доштан;

— дар назди давлат уҳдадории тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардидаи иҷронашуда доштан;

— мавҷуд будани ҳукми айбдоркунандаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, ки бояд иҷро гардад;

— шаҳрвандии давлати хориҷӣ ва ё кафолати ба даст овардани онро надоштан;

— мавҷуд будани хатар барои амнияти давлатӣ ҳангоми баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 23. Аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ, мақомоти амният, мақомоти адлия, ҳифзи ҳуқуқ ва ё мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ дохил ё ба кор қабул шудааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ихтиёран қабул намудани шаҳрвандии давлати дигар, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартнома дар бораи душаҳрвандӣ надорад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад.

Моддаи 24. Бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

1. Қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсе бекор карда мешавад, ки ӯ дар асоси маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Далели пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо тартиби судӣ муқаррар карда мешавад.

2. Бекор карда  шудани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шахси мазкурро аз ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ озод намекунад.

3. Қарори ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуданро дар давоми панҷ сол аз рӯзи  қабул шудани он бекор кардан мумкин аст.

Моддаи 25. Интихоби шаҳрвандии давлати дигар (оптатсия) дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳангоми тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд тибқи тартиби пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии давлати дигарро интихоб намоянд.

БОБИ 4.
ШАҲРВАНДИИ КӮДАК ҲАНГОМИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ШАҲРВАНДИИ ПАДАРУ МОДАР,
ВАСИЮ ПАРАСТОРОН. ШАҲРВАНДИИ ШАХСОНИ ҒАЙРИ ҚОБИЛИ АМАЛ

Моддаи 26. Тағйирёбии шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар

1. Агар падару модар ё падар ё модари ягонаи кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад, кӯдак низ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад. 

2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани кӯдак дар сурати қатъ гардидани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани падару модар ё падар ё модари ягонаи кӯдак қатъ мегардад, агар дар натиҷа кӯдак шахси бешаҳрванд нагардад.

3. Барои соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кӯдаки синни аз чордаҳ то ҳаждаҳ розигии ӯ гирифта мешавад.

4. Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модари ӯ, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гаштаанд, тағйир намеёбад.

Моддаи 27. Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии  падар ё  модар

1. Агар падар ё модари кӯдак, ки шаҳрванди хориҷӣ буда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад, кӯдаки онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, бо дархости падар ё модаре, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад.

2. Агар падар ё модаре, ки шаҳрванди хориҷӣ буда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад, кӯдаки онҳо, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, метавонад бо дархости падару модар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардад.

3. Агар яке аз падар ё модари кӯдак, ки шаҳрванди хориҷӣ буда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад ва дигаре шахси бешаҳрванд бошад, кӯдаки онҳо метавонад бо дархости падар ё модаре, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардидааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардад.

4. Агар яке аз падар ё модаре, ки хоҳиши соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, шахси бешаҳрванд ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад, кӯдаки онҳо бо дархости падару модар метавонад шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шавад.

5. Агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани яке аз падар ё модар қатъ гардад ва дигаре шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монад, кӯдаки онҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад. Бо дархости падар ё модаре, ки шаҳрвандиаш қатъ ёфтааст ва мувофиқи розигии хаттии падар ё модаре, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани кӯдаки онҳо ба шарте қатъ меёбад, ки вай шахси бешаҳрванд нашавад.

Моддаи 28. Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми фарзандхондӣ

1. Кӯдаке, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамсароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё ҳамсароне, ки яке аз онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаре шахси бешаҳрванд аст, фарзандхонд мешавад, аз рӯзи фарзандхондӣ, новобаста аз ҷои истиқомат, бо дархости фарзандхондкунанда, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.

2. Дар мавриди фарзандхонд шудани кӯдак аз ҷониби ҳамсароне, ки яке шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ мебошад, дар асоси дархости онҳо кӯдак, новобаста аз ҷои истиқоматаш, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад. Агар дар давоми як сол аз рӯзи фарзандхондӣ аз ҷониби фарзандхондкунандагон дархост оид ба шаҳрвандии кӯдаки фарзандхондшуда ворид нагардад, кӯдак шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб мешавад, агар ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намояд.

Моддаи 29. Шаҳрвандии кӯдак ва шахси ғайри қобили амал, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд

1. Кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки шахси бешаҳрванд буда, таҳти васоят ва парастории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тибқи сархати сеюми қисми 1 моддаи 16 Қонуни конститутсионии мазкур бо дархости васӣ ё парастор шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.

2. Кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки шахси бешаҳрванд буда, таҳти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаи дигари ба ин монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тибқи сархати чоруми қисми 1 моддаи 16 Қонуни конститутсионии мазкур бо дархости роҳбари муассиса, ки дар он кӯдак ё шахси ғайри қобили амал қарор дорад,  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.

3. Кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки шахси бешаҳрванд буда, таҳти васоят ё парастории шаҳрванди хориҷии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибшаванда қарор дорад, ҳамзамон, бо дархости васӣ (парастор) шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.

4. Кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва таҳти васоят ё парастории шаҳрванди хориҷӣ қарор дорад, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад.

5. Баҳсҳо байни падару модар, инчунин падару модар бо васӣ ё парастор дар бораи шаҳрвандии кӯдак ва шахси ғайри қобили амал бо тартиби судӣ бо назардошти манфиатҳои кӯдак ва шахси ғайри қобили амал баррасӣ карда мешаванд.

БОБИ 5.
МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДӢ

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 30. Мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба мақомоти ваколатдор, ки масъалаҳои шаҳрвандиро баррасӣ менамоянд, дохил мешаванд:

— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— мақомоти корҳои дохилӣ;

— мақомоти корҳои хориҷӣ.

Моддаи 31. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— масъалаҳои соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;

— қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бекор мекунад;

— низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

— низомнома дар бораи шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

— барои баррасии пешакии масъалаҳои шаҳрвандӣ комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандиро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;

— тартиби фаъолият ва ҳамкориҳои мақомоти ваколатдорро, ки масъалаҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд, муайян менамояд;

— масъалаҳои қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида баррасӣ менамояд;

— тартиби баррасии масъалаҳо оид ба соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад; 

— тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон бароварда мешавад.

Моддаи 32. Ваколатҳои комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатҳои комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи низомномаи комиссияи мазкур, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 33. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти корҳои дохилӣ ваколатҳои зеринро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ амалӣ мегардонанд:

— мансубияти шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд;

— дархостҳои шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунанд;

— далел ва ҳуҷҷатҳои асосноккунии  дархостҳои пешниҳодшударо месанҷанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти иловагӣ талаб мекунанд;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар хусуси аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулоса ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба асосҳои мушаххаси соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин маводи дигарро ирсол менамоянд;

— қарорҳои қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд, иҷро мекунанд;

— дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ба расмият медароранд.

Моддаи 34. Ваколатҳои мақомоти корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Мақомоти корҳои хориҷӣ ваколатҳои зеринро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ амалӣ мегардонанд:

— мансубияти шахсони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд;

— дархостҳои шахсони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунанд;

— далел ва ҳуҷҷатҳои асосноккунии дархостҳои пешниҳодшударо месанҷанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти иловагӣ талаб мекунанд;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар хусуси аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулоса ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба асосҳои мушаххаси соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин маводи дигарро ирсол менамоянд;

— қарорҳои қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд, иҷро мекунанд;

— дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ба расмият медароранд;

— баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва бақайдгирии аз даст додани шаҳрвандии онҳоро амалӣ менамоянд.

БОБИ 6.
ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТҲО ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 35. Тартиби пешниҳод кардани дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дархост оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти ӯ ва аз ҷониби шахсе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат  мекунад, ба мақомоти корҳои хориҷӣ пешниҳод карда мешавад.

2.   Дархост аз ҷониби дархостдиҳанда шахсан пешниҳод карда мешавад. Агар дархостдиҳанда имконияти шахсан пешниҳод кардани дархостро надошта бошад, метавонад дархост ва ҳуҷҷатҳои барои баррасӣ заруриро ба воситаи шахси аз ҷониби ӯ ваколатдоршуда пешниҳод намояд ва ё тавассути почта фиристад. Дар чунин ҳолат аслияти имзои шахси дархостдиҳанда ва дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки ба дархост замима мешаванд, аз ҷониби нотариус бояд тасдиқ карда шаванд. 

3. Дархост дар бораи тағйир додани шаҳрвандии кӯдак ё шахси ғайри қобили амал аз ҷониби падару модар ё намояндагони қонунии онҳо аз рӯи маҳалли зисти дархостдиҳанда ё маҳалли зисти кӯдак ё шахси ғайри қобили амал пешниҳод карда мешавад.

4. Шакли дархост ва номгӯи маълумоти ба дархост замимашаванда, инчунин номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба асосҳои мушаххаси соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 36. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ

Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андоза ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ ситонида мешаванд.

Моддаи 37. Муҳлати баррасии дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳлати баррасии дархостҳо ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қарор дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад аз як сол аз рӯзи пешниҳоди дархост, манзур намудани пешниҳод ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии ба таври дахлдор барасмиятдаровардашуда зиёд бошад.

Моддаи 38. Қабул намудани дархостҳои такрорӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Пешниҳоди дархостҳои такрорӣ дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ бо гузаштани на камтар аз як сол пас аз қабули қарори қаблӣ имконпазир аст.

2. Ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои қаблан номаълум дархостҳои такрорӣ мумкин аст барои баррасӣ бе риояи муҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда қабул карда шаванд.

Моддаи 39. Санаи соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда мешавад:

— аз рӯзи таваллуди кӯдак – мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии мазкур;

— аз рӯзи фарзандхондии  кӯдак – мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 28 Қонуни конститутсионии мазкур;

— дар ҳолатҳои дигар – аз рӯзи баровардани фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи баровардани фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

Моддаи 40. Ҳуҷҷатҳое, ки дар робита ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудан ё қатъ намудан дода мешаванд

1. Ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои кӯдаконе, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, дар бораи мансубияти онҳо ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гузошта мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани гузоштани қайд дар ҳуҷҷатҳои кӯдакон, ба онҳо маълумотнома дода мешавад, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.  

2. Ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои хориҷӣ шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

3. Ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур қатъ гардида,  шаҳрванди давлати хориҷӣ нестанд, мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳномаи иқомат баpoи шахсони бешаҳрванд медиҳанд ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд, гирифта мешаванд. Барои аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахси бешаҳрванд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷати дахлдор  дода мешавад.  

4. Ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур қатъ ёфта,  шаҳрванди давлати хориҷӣ нестанд, мақомоти корҳои хориҷӣ шаҳодатнома баpoи шахсони бешаҳрванд медиҳанд, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият дароварда шудааст  ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд, гирифта мешаванд.

БОБИ 7.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 41. Шикоят нисбат ба қарори мақомот ва амалҳои шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Нисбат ба қарори мақомот ва амалҳои шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои аз ҷониби онҳо беасос рад кардани қабули дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя накардани муҳлат ва тартиби баррасии дархостҳо, тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарорҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 42. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

Моддаи 43. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №21, мод. 243; с.2008, №10, мод.793) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 44. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур 

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 8 августи соли 2015,

№ 1208