27 Октябрь, 2020

Нархномаи хизматрасонии давлатӣ Барасмиятдарорӣ ва судури шиносномаи хориҷии дорои маълумоти электронӣ

Замимаи № 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2011,

№ 663 тасдиқ шудааст.

Қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои   бақайдгирии   шиносномаҳои  шаҳрвандони  хориҷӣ  ва намунаи варақаи бақайдгирӣ тартиби бақайдгирии шиносномаҳои  шаҳрванди хориҷӣ   ҳамчунин   шахсони   бешаҳрвандро   низ  фаро  мегирад,  агар қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тартиби  дигарро  пешбинӣ  накарда бошад.

2. Шаҳрвандони  хориҷӣ   ва   шахсони   бешаҳрванд   (минбаъд   — шаҳрвандони хориҷӣ) ,  ки муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд,  ўҳдадоранд  бо  тартиби  муқарраргардида  дар   муддати   3 шабонарўз аз рўзи воридшавӣ шиносномаҳои хориҷии худ ё ин ки ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро (минбаъд — шиносномаҳо) ба қайд  гирифта,  пас  аз гузаштани  мўҳлати муайяни истиқомат,  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд.

3. Варақаи  бақайдгирӣ  (минбаъд  —  варақа) ҳуҷҷате мебошад,  ки бақайдгирии шиносномаи  шаҳрванди  хориҷй  ё  ин  ки  тамдиди  мўҳлати эътибори бақайдгирии шиносномаи шаҳрванди хориҷиро тасдиқ мекунад.

4. Варақа ба мўҳлати эътибори  бақайдгирии  шиносномаи  шаҳрванди хориҷӣ  ё  ин  ки  ба мўҳлати тамдиди бақайдгирии шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ дода мешавад.

2. Қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ

5. Шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати мавҷуд будани раводиди воридшавӣ ва хориҷшавӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа  дода  шудаанд, вориди   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   мегарданд,   агар  тибқи  шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тартиби  дигар  пешбинй  нагардида

бошад.

6. Шаҳрвандони  хориҷии  муваққатан   дар   Ҷумҳурии   Тоҷикистон қарордошта  бо  шиносномаҳое,  ки  мутобиқи  салоҳияти  худ  аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  меҳмонхонаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он ба қайд гирифта шудаанд,  дар  ҳудуди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  истиқомат мекунанд.  Шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ аз рўи ҷои буду бош ба қайд гирифта мешаванд,  агар дар шартномаи тасдиқшудаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо давлати дахлдор тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Муроҷиатҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ на дертар аз се шабонарўз,  ба истиснои  рўзҳои ид  ва  истироҳат  аз  лаҳзае,  ки  ин шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаҳои хориҷиро ба  ташкилоти  қабулкунанда  ё  намояндагӣ  барои  бақайдгирӣ месупоранд, пешниҳод карда мешаванд.

7. Асос барои  бақайдгирии  шиносномаҳои  шаҳрвандони  хориҷӣ  ва

тамдиди  мўҳлати  эътибори бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ

инҳо мебошанд:

— барои   онҳое,  ки  бо  корҳои  хизматӣ,  тиҷоратӣ,  амалисозии фаъолияти меҳнатӣ,  таҳсил,  сайёҳӣ ва љайра  омадаанд  ,  муроҷиатҳои хаттии   ташкилотҳои   (вазоратҳо,   кумитаҳо,   ташкилоту  корхонаҳо, ширкатҳо,  намояндагиҳо,   муассисаҳои   таълимӣ)   қабулкунанда,   бе ҳозиршавии шахсии шаҳрвандони хориҷӣ;

— барои онҳое,  ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар бораи гуреза эътироф  шудан  дархост  пешниҳод  намудаанд,  ё  ин ки гуреза эътироф шудаанд

— аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ.  Дар чунин ҳолатҳо ба  воҳидҳои Вазорати  корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шудани шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ мебошад;

— барои  онҳое,  ки  бо корҳои хусусӣ омадаанд,  раводиди ҳамсари шаҳрванди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  раводид  барои  истиқомати   доимиро гирифтаанд

—  аризаҳои  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ё  ин  ки шаҳрвандони хориҷӣ.  Дар чунин ҳолатҳо ҳозир шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони онҳоро қабулкунанда ҳатмӣ мебошад.

8. Бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва тамдиди мўҳлати эътибори   бақайдгирии   шиносномаҳои  шаҳрвандони  хориҷӣ  дар  асоси муроҷиат ва аризаҳои хаттии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии  зикргардида  дар мўҳлатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— барои шаҳрвандони воридшуда аз давлатҳое,  ки бо онҳо  Ҷумҳурии Тоҷикистон   тартиби  воридшавии  раводидиро  муқаррар  намудааст,  ба мўҳлати на зиёдтар аз мўҳлати эътибори раводид;

— барои  шаҳрвандони  воридшуда  аз  давлатҳое,  ки байни онҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо дар бораи тартиби воридшавии бераводид баста   шудаанд,  ба  мўҳлати  на  зиёдтар  аз  мўҳлати  муайяннамудаи созишномаҳо бо ин давлатҳо.

Дар ҳама ҳолатҳо мўҳлати бақайдгирӣ ва мўҳлати тамдиди бақайдгирӣ

набояд аз як сол зиёд бошад.

3. Тартиби ба шаҳрванди хориҷи додани варақаи бақайдгирй

9. Варақаи бақайдгирӣ ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад.  Варақа дар китоби  супоридани  бланкаҳои  ҳисоботи  қатъӣ сабт гардида,  бо имзои шахси мансабдор дода мешавад. Варақа аз ду қисм иборат аст:

1) варақаи бақайдгирӣ;

2) қисми назоратии варақаи бақайдгирӣ.

Пас аз пур кардани ҳар ду қисм,  варақаи бақайдгирӣ аз қисми назоратии варақаи бақайдгирӣ ҷудо карда шуда, ба саҳифаи холии шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ часпонда мешавад.  Ҳангоми бақайдгирии шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ  навиштаҷоти «қайд  тамдид карда шуд» хат зада мешавад.  Дар сурати тамдиди мўҳлати эътибори бақайдгирии шиноснома навиштаҷоти «ба қайд гирифта  шуд»  хат зада мешавад.

10. Варақаҳо  ба  шаҳрвандони  хориҷие,  ки  ба  синни  16-солагӣ расидаанд, дода мешаванд.

11. Сабтҳо дар варақа бо забони  тоҷикӣ  ба  таври  хоно  гузошта мешаванд,  дар сурати ворид намудани ислоҳот,  онҳо эзоҳ дода шуда, бо имзои шахси мансабдор ва мўҳр тасдиқ карда мешаванд.

12. Баҳисобгирии  шиносномаҳои  ба  қайд гирифташудаи шаҳрвандони хориҷӣ дар китоби «Баҳисобгирии қайди шиносномаҳои хориҷӣ» амалӣ карда мешавад. Рақами тартибӣ аз рўи китоб рақами қайд маҳсуб меёбад. Рақами варақа  дар  китоб  зери  рақами  қайди  шиноснома  ва   дар   варақаи баҳисобгирии шаҳрванди хориҷӣ бошад, дар сутуни «№ варақаи бақайдгирӣ» гузошта мешавад.

13. Баҳисобгирии   шаҳрвандони   хориҷие,   ки  мўҳлати  эътибори бақайдгирии  шиносномаҳояшон  тамдид  шудааст,  дар  китоби   «Тамдиди мўҳлатҳои  эътибори  бақайдгирии  шиносномаҳо»  амалӣ  карда  мешавад. Рақами варақа зери рақами тартибии тамдиди мўҳлати эътибори бақайдгирӣ ва  дар  варақаи  баҳисобгирии  шаҳрванди хориҷӣ бошад,  дар сутуни «№ варақаи бақайдгирӣ» гузошта мешавад.

14. Қисми    назоратии    варақаро   якҷоя   бо   хатҳои   расиди (квитансияҳои) пардохти маблаљи боҷи  давлатӣ  ва  хизматрасонӣ  шахси мансабдор  нигоҳ  медорад.  Қисми  назоратии  варақа  бо  хатҳои расид (квитансияҳо) пас аз гузаронидани тафтиш (ревизия) ба бойгонӣ супорида мешаванд.

15. Аз  рўи   мактуби   ташкилотҳои   қабулкунанда   ё   аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ,  ки дар зербандҳои 2 ва 3 банди 7 зикр гардидаанд, ба шаҳрвандони хориҷие,  ки шиносномаҳояшон аллакай  ба  қайд  гирифта шуда  ё  ин  ки  мўҳлатҳои эътибори бақайдгириашон тамдид шуда буданд, варақаҳо такроран дар ҳолатҳои зерин дода мешаванд:

— ҳангоми   гум  кардан  ё  вайрон  шудани  варақа.  Агар  пештар шаҳрванди хориҷӣ дар дигар воҳиди  Вазорати  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  қайд  гирифта  шуда бошад,  он гоҳ дар дархост ё ариза воҳиде,  ки пештар варақаро ба шаҳрванди хориҷӣ  додааст,  нишон  дода мешавад.  Дар  чунин ҳолатҳо то ба шаҳрванди хориҷӣ дода шудани варақа аз руи қайдҳои воҳиди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки варақаро ба шаҳрванди хориҷӣ додааст,  санҷиш гузаронида шуда,  нусхаи варақаи баҳисобгирии шаҳрванди хориҷӣ талаб карда мешавад;

— ҳангоми  гирифтани  шиносномаи  нав  ё  ҳуҷҷате,  ки  онро иваз мекунад.  Дар варақа мўхлати амалкунандаи бақайдгирӣ гузошта  мешавад, агар  дар  шиносномаи  нав  раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки ба ҳамон мўҳлат дода шудааст,  мавҷуд бошад.  Агар раводид ба мўҳлати  кўтоҳтар дода  шуда  бошад,  таърихи  мўҳлати  эътибори  раводиди  нав  гузошта мешавад.  Барои  шаҳрвандони  давлатҳои   аъзои   Иттиҳоди   Давлатҳои Мустақил,  ки  бо  онҳо  низоми  воридшавӣ,  буду  бош  ва  хориҷшавии бераводид  муқаррар  гардидааст,   дар   варақаҳо   мўҳлати   эътибори бақайдгирӣ нишон дода мешавад;

— ҳангоми дар қайд гузоштан,  бинобар сабаби аз тарафи  шаҳрванди хориҷӣ таљйир  додани  ҷои истиқомат дар сурати мавҷуд будани мўҳлати амалкунандаи бақайдгирӣ. Дар ҳолатҳои  мазкур  пардохт  танҳо  барои  хизматрасонӣ  аз рўи меъёрҳои муқарраргардида, амалӣ карда мешавад.

 

Замимаи № 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2011,

№ 663 тасдиқ шудааст.

Намунаи варақаи бақайдгирӣ

1. Варақа аз ду қисм иборат аст:  1. варақаи бақайдгирӣ; 2. Қисми назоратии  варақаи  бақайдгирӣ,  ки  аз  рўи  хати  бурриш сўрох карда шудааст.

2. Варақаи  бақайдгирӣ.  аз  кољази офсетии ранги бунафши паст бо аломатҳои обгун дар шакли зарраҳои барф ва дар шакли ромб омода  карда шудааст. Қисми назоратии варақа ранги сафед дорад.

3. Андозаи варақаи бақайдгирӣ  ва  қисми  назоратии  он  8×12  см мебошад.

4. Дар қисми пеши варақаи бақайдгирӣ дар марказ  Нишони  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ранги бунафши пасти тира аккосӣ карда шудааст, ки дар зери шуоъҳои ултрабунафш ба ранги зард мубаддал  мегардад.  Дар боло, дар мобайни варақа бо забони тоҷикӣ навиштаҷоти «Вазорати корҳои дохилй» ҷойгир карда шудааст. 

Дар  поён  аз  тарафи  чап  навиштаҷоти «ВАРАҚАИ  БАҚАЙДГИРӢ»  бо  забони  тоҷикӣ,  дар зери он бо забони русӣ «КАРТОЧКА РЕГИСТРАЦИИ» ва дар зери он бо забони англисӣ  «REGISTRATION CARD»   сабт   гардидааст,   Аз  тарафи  рости  навиштаҷоти  «КАРТОЧКА РЕГИСТРАЦИИ» рақами варақа нишон дода шудааст.

Дар поён реквизитҳои зерин бо забони тоҷикӣ ҷойгир карда шудаанд: «Шиносномаи №»;  «Шаҳрвандӣ»;  «ба қайд гирифта шуд/тамдид карда шуд»; «ҷои  истиқомат»;  «нозир».  Дар варақа 11 хат бо матни такроршавандаи ҳарфҳои хурди «ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ кашида (сабт) шудаанд.  Дар  зери  хатҳо  навиштаҷоти  зерин бо забони тоҷикӣ ҷойгир карда шудаанд: дар зери хати сеюм -(насабу ном); дар зери хати чорум — (санаи  қайд);  дар  зери панҷум -(ВКД,  РҚД,  ШКД);  дар зери шашум — (мўҳлати амал);  дар зери ҳафтум -(ташкилот ё шахси қабулкунанда); дар зери  даҳум  —  (имзо,  насаб);  дар зери хати ёздаҳум — (санаи қайд ё тамдиди қайд). Дар тарафи  чапи  қисмати  поёни варақа ҳарфҳои «Ҷ.М.» (ҷои мўҳр) ҷойгир карда шудааст.

5. Дар  тарафи  қафои  варақаи бақайдгирӣ матни зерин бо забонҳои тоҷикӣ,  русӣ ва англисӣ ҷойгир карда шудааст:  «Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон шаҳрванди хориҷӣ бо хотима ёфтани мўҳлати будубош бояд Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд.  Ҷиҳати будубоши минбаъда  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ў вазифадор аст,  ки то анҷом ёфтани мўҳлати амали бақайдгирии шиносномаи хориҷӣ,  сари вақт  раводид  ва  мўҳлати  амали бақайдгириро тамдид намояд. Согласно действующему  законодательству,  иностранный   гражданин обязан   выехать   из   Республики   Таджикистан  по  истечении  срока пребывания.  Для дальнейшего пребывания в Республике  Таджикистан,  он обязан  до истечения срока действия регистрации заграничного паспорта, своевременно продлить визу и срок действия регистрации. Ассоrding to  the  registration the foreign citizen is obliged to go to out from Republic Tajikistan after expiry day  of  his  stay.For further stay Republic Tajikistan he should ,  till expiry his validity terms of foreign pasport,  duly prolong his visa and validity terms of foreign pasport»

Дар марказ дар зери щуоъҳои ултрабунафш  акси  логотипи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ранги кабуд дида мешавад.

6. Дар қисми назоратии варақаи бақайдгирӣ дар боло дар маркази он матни  «Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ ҷойгир карда шудааст. Поёнтар аз   тарафи_чап   навиштаҷоти  «ҚИСМИ  НАЗОРАТИИ  ВАРАҚАИ БАҚАЙДГИРӢ» ҷойгир карда шудааст. Аз тарафи рости ин навиштаҷот рақами варақаи бақайдгирӣ нишон дода шудааст. Дар зери навиштаҷот 7 хат бо матни такроршавандаи  харфҳои  хурди «ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ кашида (сабт) шудаанд. Дар зери хатҳо навиштаҷоти зерин бо забони  тоҷикӣ  ҷойгир  карда шудаанд: 

дар  зери  хати  якум  — (насаб ва ном); 

дар зери хати дуюм -(шаҳрвандӣ); 

дар сеюм — (ташкилот ё шахси  қабулкунанда); 

дар  зери хати чорум — (маблаљи боҷи давлатӣ); 

панҷум — (маблаљи хизматрасонӣ); шашум — (имзо ва насаб); 

дар зери хати ҳафтум — (санаи қайд ё тамдиди қайд).

7. Дар варақаи бақайдгирӣ ва қисми назоратии  варақаи  бақайдгирӣ навиштаҷоти  «Вазорати  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ва  «№ варақа» бо ранги сурх ва дигар навиштаҷот бо  ранги  сиёҳ  сабт  карда шудаанд.