14 Ноябрь, 2025

Баррасии масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Мушовараи якҷояи ВКД Тоҷикистону Россия

08.10.с.2019, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласаи Мушовараи якҷоя дар ҳайси аъзои Мушовара Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Хаилзода Ҳусейн Собир иштирок намудаанд.