25 Ноябр, 2024

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МАҲВИ БЕШАҲРВАНДӢ ДАР ШАҲРИ АШХОБОД

 

8-уми ноябри соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон – шаҳри Ашхобод конференсияи Вазоратии Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Маҳви бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Раёсати Комиссарии Олии СММ оид ба паноҳандагон ширкат доштанд.
Дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои дохилӣ муовини вазир генерал-майори милитсия Ғайратшо Муборакшозода, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорат подковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Раёсати Комиссарии Олии СММ оид ба паноҳандагон роҳандозӣ гардида, мақсад аз он баррасии масъалаҳои марбут ба бешаҳрвандӣ, бақайдгирии таваллуди кӯдакон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мубодилаи таҷриба дар ҳалли мушкилоти бешаҳрвандӣ мебошад.
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомҳои роҳандозинамудаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти кам кардани бешаҳрвандӣ, ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар ин самт ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуданд.

Х. Солиҳӣ