Дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи бешаҳрвандӣ», ки аз ҷониби Раёсати СММ оид ба паноҳандагон роҳандозӣ гардидааст, санаи 1-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: ҳамкориҳои судманд» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Дафтари миллии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳвандагон дар Тоҷикистон, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» ва сардорону кормандони масъули хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар кори мизи мудаввар, дар мавзӯи «Нақши Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар пешгирии бешаҳрвандӣ дар кишвар» муовини сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Сафарзода Нуралӣ Мирзошариф, дар мавзӯи «Вазъи кунунии бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Хатлон» мушовири миллӣ оид ба ҳифзи байналмилалии Дафтари миллии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳвандагон дар Тоҷикистон Хисрав Холов ва дар мавзӯи «Саҳми созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти бешаҳрвандӣ» раиси ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» Сановбар Имомназарова баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар кори ҷамъомад байни иштирокчиёни чорабинӣ дар атрофи мавзӯҳои «Мушкилот ва монеаҳо дар ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ» ва «Ҳикояҳои муваффақият ва сабақҳои аз ташаббусҳои қаблӣ гирифташуда» муҳокимарониҳо сурат гирифт.
Ба саволҳои кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мутахассисони соҳаи шаҳрвандӣ ва кори шиносномавию бақайдгирии Дастгоҳи марказии Хадамот подполковники милитсия Саидхуҷа Давлатзода ва подполковники милитсия Шамсулло Ҷобирзода ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар мизи мудаввар қайд карда шуд, ки дар давоми 10 соли охир дар натиҷаи ҳамкориҳои байни Дафтари миллии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳвандагон дар Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии дар ин самт фаъолияткунанда бо мақомоти ҳокимияти маҳаллии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, бахусус мусоидати Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои минтақавии он ба нафарони зиёде, ки дучори хавфи бешаҳрвандӣ гаррдида буданд ва шахсони бешаҳрванд дар кори соҳиби ҳуҷҷат шудани онҳо кӯмак расонида шуд. Ҳоло ҳам дар баъзе аз деҳаҳои дурдаст чунин шахсон ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ниёзи кӯмак мебошанд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда низ баҳри саҳмгузорӣ дар амалисозии чунин иқдомҳои хайрхоҳона ҳамкориҳо боз ҳам тақвият дода мешаванд.
Х. Солиҳӣ