Дар ҷаласаи Ситоди байналмилалии Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъона (СААД), ки санаи 29 марти соли 2024 дар шакли маҷозӣ (видеоконференсия) баргузор гардид, нақшаи амалиёти минтақавии “Нелегал-2024” мавриди баррасӣ ва мувофиқасозии минбаъдаи он қарор гирифт.
Ҷаласа таҳти раисии котиби Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии СААД, сардори Сарраёсати корҳои муҳоҷирати ВКД Федератсияи Россия генерал-лейтенанти политсия Казакова В.Л. доир гардида, дар кори он намояндагони мақомоти дахлдори ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, котиботи СААД, Хадамоти ҳамоҳангсози Шурои фармондеҳони Қўшунҳои сарҳадӣ ва Маркази зиддитеррористии кишварҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ., кормандони масъули хадамоти мазкур ва Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии вазорат намояндагӣ карданд.
Дар ҷаласа лоиҳаи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии «Нелегал – 2024» дар ду марҳила, дар доираи он масъалаҳои тартиби ҷойгиркунии роҳбарӣ ва идоракунии амалиёт, муайян намудани роҳҳои алоқа ва тартиби мубодилаи иттилоот баррасӣ гардида, барои мувофиқа пешниҳод мешавад.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои тақвият додани мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо назардошти вазъи имрўзаи сиёсии ҷаҳон ва ҳамкориҳои мутақобилаи байни давлатҳои аъзои СААД дар ин самтро муҳим арзёбӣ намуданд.
Х.Солиҳӣ