23 июни соли 2023, бахшида ба ҷашни «Ваҳдати миллӣ» бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷамъомад доир карда шуд.
Дар ҷамъомад доир ба мавзӯи “Ваҳдати миллӣ-шукуфоии Ватан аст!” муовини сардори Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ баромади пурмуҳтаво намуд.
Ҳасан Шерализода зимни суханрониаш қайд намуд, ки ҳамасола рӯзи 27 июн ҳамчун ҷашни сарҷамъию муттаҳидӣ дар кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар дунё беназир буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд: «Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад».
Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи пешрафти Тоҷикистон гардида, пояи устувории давлатдории тоҷикон шудааст.
Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик – яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
Муҳимтар аз ҳама, тамоми ҷабҳаҳо воқеан дарк намуданд, ки сулҳу субот неъмати бебаҳо буда, манфиатпарастию зиддият ва ҷаҳолат баръакс ба вартаи нестию нобудӣ бурда мерасонад.
Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд.
Насли ҷавону наврасро зарур аст, ки бо дарки баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ баҳри пойдории сулҳу субот дар мамлакатамон ҷаҳду талош намоянд, барои якпорчагӣ ва ҳифзи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд.
Х. Солиҳӣ