25 Ноябр, 2024

Чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

15 ноябри соли 2024 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи тақдиросози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони хадамот чорабинии маърифатӣ доир карда шуд.

Ҷиҳати баромад ва суханронӣ дар чорабинӣ омӯзгори ботаҷрибаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дотсент, полковники милитсия Бойзода Ҷамшед Ҷумабой даъват шуда буд.

Полковники милитсия Ҷамшед Бойзода зимни суханронии хеш қайд намуд, ки 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд кард. Ҳамчунин 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Сухани муҳиме, ки дар вақти зарурӣ, хеле самимӣ ва бо боварӣ аз ҷониби Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ин буд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам». Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи аввали сари кор омаданашон дар пеши худ роҳҳои расидан ба сулҳу ваҳдатро мақсад гузошта буданд. Дар натиҷа, музокирот бо мухолифин аз моҳи апрели соли 1994 дар пойтахти Россия сар шуд. Он замон шумораи ками одамон ба натиҷаҳои ин гуфтугӯи оғозгардида бовар доштанд. Ба мавзуъ танҳо вақте ҷиддӣ мутаваҷҷеҳ шуданд, ки соле пас Пешвои миллат барои гуфтушунид ба Афғонистони ҷангзада раҳсипор шуданд. Ҳарчанд, ҳамон тавре шоҳидон нақл мекунанд, аксарият — на аъзои Ҳукумат ва на ҳукуматдорони кишварҳои беруна барои ин сафар маслиҳат намедоданд. Танҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки гуфт: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам!».

Имрӯзҳо бо сипосу шукргузорӣ метавон қайд сохт, ки 16 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат, пешвои ҳақиқии тоҷикон ва шахси тақдирсозу кафили сулҳу субот дар кишварамон рӯи корзори сиёсӣ омад. Хизматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидию ягонагии миллати тоҷик, ободию пешрафт, дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар, тинҷиву амонӣ, эҳёи расму анъанаҳои ниёгон басо арзанда аст.

Маҳз ба ҳамин хотир мо бояд фахрем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи сиёсат аз миёни мардум бархоста азми наҷоти Ватан ва мубориза барои пойдории давлат ва таъмини ҳастии миллат кард!

Имрӯзҳо Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатию дӯстӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилалию минтақавӣ мебошад. Нақши давлати мо махсусан дар созмонҳои бонуфуз зимни ҳалли масъалаҳои мубрами аҳамияти ҷаҳонию минтақавӣ дошта, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологию иқлим, муассиру созанда арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи ҷамъомад муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода низ дар атрофи мавзӯи чорабинӣ ибрози назар карда, хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи истиқлолу озодӣ, эҳёи давлатдории навин ва сарҷамъии миллатро муҳим арзёбӣ намуд.

Х. Солиҳӣ