Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон санаи 5-уми ноябри соли 2024 вохўрии навбатии роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаи зикргардида доир карда шуд.
Дар ҷамъомад муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода баромад намуда, баъди суханҳои табрикотӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба омори даст ба ҷинояту қонуншиканиҳо задани бархе аз ҷавонону ноболиғон, аз ҷумла донишҷӯён дар миқёси ҷумҳурӣ, намудҳои алоҳидаи ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, сабабу омилҳои даст ба чунин амалу кирдорҳо мусоидаткунанда фикру мулоҳизаронӣ намуд.
Дар идомаи баромадаш подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода ҳамчунин доир ба фаъолити дахлдори шиносномавию бақайдгирӣ, тартиби бақайдгирию азқайдбарории шаҳрвандон, аз он ҷумла донишҷўён дар ҳудуди шаҳри Душанбе, муносибати боэҳтиётона доштан нисбати шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар ин самтҳо ибрози назар кард.
Дар фарҷоми вохўрӣ байни иштирокчиёни чорабинӣ доир ба мавзўҳои рўзнома саволу ҷавоб сурат гирифта, аз ҷониби баромадкунандагон ба ҳар масъалаи матраҳшуда равшанӣ андохта шуд.
Солиҳӣ Х.М.