– Бо мақсади беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва дастрасии аҳолӣ ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Мо, масъулини ХШБ, барои сари вақт гирифтани шиноснома, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ва дар муҳлатҳои муқарраргардида онро иваз намудан суҳбатҳо доир менамоем, – мегӯяд сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ ВКД подполковники милитсия Сураё Шамсуддинзода.
Кормандони ин шуъба дар самти назорат аз болои фаъолияти хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳ надодан ба қонуншиканиҳо, сӯистифода аз мансаби хизматӣ, ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ меандешанд.
Аз тарафи кормандони шуъба оид ба корҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 352 нафар шаҳрвандон қабул ва мушкилоти онҳо сари вақт баррасӣ гардидааст.
– Дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму техника дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ таҷҳизоти зарурии корбарӣ муҳайё карда шудааст, ки кормандони бахши шиносномадиҳии ХШБ ВКД дар шаҳру ноҳияҳо низ аз ин иқдомҳо баҳравар ҳастанд. Ҳамин аст, ки як қатор мизҳои шиносномавии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо компютер, хатти интернет ва дигар таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамаи ин дастгириҳо ба хотири дар сатҳи баланд хизматрасонӣ кардан ба мардум мебошад.
Ба қавли подполковники милитсия Сураё Шамсуддинзода, аз тарафи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он ба сокинони ҷумҳурӣ ҳамагӣ 356382 шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 71247 адад шиноснома кам мебошад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз тарафи кормандон корҳои фаҳмондадиҳии гузаронидашуда бо сокинон натиҷа доданд ва сол то сол таъминоти саривақтии онҳо бо шиноснома беҳтар мегарданд.
Дар ин муддат, аз тарафи кормандони ХШБ ва воҳидҳои поёнии он 1508 амалиёти шиносномавӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳолат зиёд мебошад. Ҳамин тавр, нисбати 10138 нафар шаҳрвандон барои қоидаҳои нигоҳдории шиносномавиро вайрон намудан протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Тавре Сураё Шамсуддинзода зикр намуд, баҳри сари вақт таъмин намудани хонандагони ба синни 16 расидаи муассисаҳои таълимӣ бо ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият, тибқи дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, кормандони ХШБ ВКД тамоми шароитҳои заруриро фароҳам оварда, бо ин мақсад, бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон дастҷамъона дар вазъияти тантанавӣ супорида мешавад. Чунин чорабиниҳо бо иштироки кормандони ХШБ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи баланд доир карда мешавад.
Дар фазои тантанавӣ супоридани шиносномаи шаҳрвандӣ ҳарчанд масъулияти иловагии кормандони ХШБ ВКД бошад ҳам, тақвият додани он имкон фароҳам меорад, ки хонандагон оид ба низоми шиносномавию бақайдгирӣ маълумоти зарурӣ гирифта, маърифати ҳуқуқиашонро баланд бардоранд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ХШБ ва воҳидҳои поёнии он тариқи тантанавӣ дар 462 мактаб чорабиниҳо гузаронида шуда, ба беш аз 4000 хонандагону хатмкунандагон шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шудааст.
Дар охир ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ҳамаи кормандони ХШБ ва воҳидҳои поёнии он ҷиҳати кор дар самти амалияи маъмурӣ, дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта ва аз супоридани алимент саркашинамуда, чораҳо меандешанд. Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба интернет, хати алоқа ё дигар камбудиҳои ба самти шиноснома алоқамандро зуд бартараф месозанд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ