Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ чорабинии маърифатӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомад муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни давлатӣ табрик гуфт.
Зимни баромадаш полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода зикр намуд, ки қабули Конститутсияи Чумҳурии Точикистон яке аз унсурҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки тақдири имрӯз ва фардои мардуми кишварро муайян месозад. Доштани қонуни асосие ҳамчун Конститутсия барои хар як давлат шарт ва муҳим аст. Конститутсия чунин санади олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҳисоб меёбад, ки дар он пеш аз ҳама арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ҳифзи ин ҳуқуқхо дарҷ гардидаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро он асоси низоми хуқуқии давлатро муайян сохта, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад.
Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид доштанд: «Қонун бояд пеш аз ҳама ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ равона карда шавад, мавқеи шахсро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва барои истифодаи нерӯи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа мусоидат намояд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, дар радифи конститутсияҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳон қарор дорад. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонидани ҷавонону наврасон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Дар фарҷоми чорабинӣ доир ба шарҳи боб ва моддаҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ ибрози андешаронӣ сурат гирифт.
Х. Солиҳӣ