12 Октябрь, 2024

Оғози марҳилаи дуюми амалиёти махсус таҳти унвони “Нелегал”

 

Дар асоси Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал-2024», ки аз 7 апрели соли 2024 тасдиқ гардидааст, шурўъ аз 30 сентябр марҳилаи дуюми амалиёти мазкур таҳти унвони шартии “Нелегал-Кордон” дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 6 октябри соли 2024 идома хоҳад ёфт.

Дар амалиёти мазкур аз ҳисоби кормандони сохторҳои масъули Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар сафарбар карда шудаанд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур ба вазъи будубош ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани роҳҳои муҳоҷирати  ғайриқонунӣ, ошкор намудани гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккили дорои алоқаҳои байниминтақавӣ ва трансмиллӣ, савдои одамон, ошкор намудани далелҳои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ва дигар амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Санҷишҳо дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ истиқомат менамоянд, корхонаву ташкилотҳо, иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, тарабхонаву марказҳои савдо, ки шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ доранд, истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо гузаронида мешаванд.

Дар вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ гурўҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони сохторҳои марбутаи вилоятӣ ва минтақавӣ амал мекунанд.

Дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он амалиёти мазкурро кормандони шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар якҷоягӣ бо кормандони бахшҳои оперативӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ роҳандозӣ менамоянд.

Х. Солиҳӣ