22 Декабрь, 2024

Аёдати собиқадори бемор дар арафаи ҷашн

 

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ собиқадорони хадамотро бо ин ҷашни бузурги давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз рӯи имкониятҳои мавҷуда ба онҳо кӯмаки моддӣ-молиявӣ расонида шуд.

Ҳамзамон, ба ин муносибат роҳбарияти Хадамот ба манзили зисти яке аз собиқадорони соҳа, ки беш аз 50 соли ҳаёти худро дар мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар низоми шиносномавию бақайдгирӣ бахшидааст, ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон шуданд ва ба қадри имкон кӯмаки моддии худро расониданд.

Болдырова Анна Максимовна 91 сол дошта, то ҳол шогирдони зиёди тарбиянамудаи ӯ аз корҳои наҷиб ва кордонии ӯ ёд мекунанд. Номбурда аз вазифаи охиринаш сардори канселярияи шуъбаи корҳои раводидӣ-бақайдгирӣ ба нафақа баромада, кормандони имрӯза тартиби корӣ ва низоми бароҳмондаи ӯро кӯшиш мекунанд, минбаъд низ идома диҳанд.

Анна Максимовна, ки айни замон каме бемор гардидааст, аз ташриф ва табрикоти роҳбарияти Вазоратии корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ хурсанд гардида, миннатдории худро барои ғамхорию таваҷҷӯҳи пайвастаашон баён дошт.

Дар навбати худ роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба ин собиқадори таҷрибадори соҳа ҳар чи зудтар шифои комил ёфтанро таманно намуданд.

Х. Солиҳӣ