12 Октябрь, 2024

Истиқлол пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик

 

Рӯзи 5 сентябри соли 2024 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷоми Ҷамахон оғоз бахшида, ҳамаи кормандонро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният намуд. Таманниёти он карда шуд, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша фазои сулҳу оромӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад. Роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ баҳри ободию пешрафт ва пойдории Тоҷикистон дар солҳои минбаъда низ бо дили гарму нияти пок хизмат намуда, боварии шаҳрвандонро ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ афзун менамоянд.

Сипас, муовини сардори Хадамоти шинономавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф дар мавзӯи “33-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳо дар даврони истиқлол” маърўза намуд.

Номбурда баромади худ қайд кард, ки истиқлолу озодӣ неъмати бебаҳо буда, барои ҳар як миллати тамаддунсоз роҳи тараққиётро боз менамояд ва ҷиҳати рушди бемайлони он шароити мусоид фароҳам меоварад. Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз ҷашнҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон, ки ҳар сол 9 сентябр таҷлил мешавад.

Тоҷикистони азизи моро низ солҳои аввали асри бист ин неъмати бемисл насиб гашт ва мо бо баракати он шаҳди озодиро чашида, дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари соҳибихтиёр шинохта шудем.

Дар замони Истиқлоли миллӣ халқи заҳматкаши тоҷик бо роҳбарии сарвари оқилу хирадманд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар карда, роҳҳо ва нақбҳо бунёд карданд, манзилу маконҳои аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ валангоршударо обод намуданд, мактабу марказҳои фарҳангӣ бунёд сохтанд, барои солимии мардум беморхонаву дармонгоҳҳои нав обод карданд, суннату анъанаҳои миллии хешро аз нав эҳё намуданд.

Дар давоми ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад.

«Хуллас, мо кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чун ҳар як фарди ҷомеаи имрўза ба қадри тинҷиву орормии кишвар бирасем ва дар рушду пешрафт ва таъмини сулҳу амният саҳмгузор бошем»- ҷамъбаст намуд Боймаҳмад Раҷабзода.

Дар идомаи ҷаласа як қатор кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлативу идоравӣ ва рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ гардида буданд, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Хадамот супорида шуданд.

Х.Солиҳӣ