22 Декабрь, 2024

Беҳбудгардонии шароитҳои хизматрасонӣ ба мардум

 

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, мусоид намудани шароитҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба беҳбудгардонии шароитҳои хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар ин асно бо кӯшишу заҳматҳои дастаҷамъонаи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои кории кормандони ХШБ ШВКД дар ноҳияи Ашт боз ҳам хубтар беҳтар гардонида шуд.

Дар як муддати кӯтоҳ ду ҳуҷраи кории кормандон, ҳуҷраи баргадони амалкунанда пурра аз таъмир бароварда шуда, барои модарони фарзандони хурдсолдошта ҳуҷраи модару кӯдак ташкил карда шуд. Инчунин, барои мунтазирии шаҳрвандон нишастгоҳҳои замонавӣ, таҷҳизоти сардкунӣ (кондитсионерҳо), куллерҳои об таъмин карда шуд. Барои шахсони маъюб бошад, аробача ҷудо карда шуда, ҳамчунин тамоми нархномаю иттилооти зарурии хизматрасониҳои соҳа барои маълумоти шаҳрвандон аз нав ва бо сифати баланд насб карда шуданд.

Чунин корҳои ободонию созандагӣ дар дигар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ идома доранд.

Х. Солиҳӣ