12 Октябрь, 2024

Семинари муштараки СҲИ ва СБМ дар Теҳрон

 

Рӯзҳои 29-30 июли соли 2024 аз ҷониби Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ) дар ҳамбастагӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар шаҳри Теҳрон семинар дар мавзӯи “Муқовимат бо хариду фурӯши одамон ва қочоқи инсон дар минтақаи СҲИ” баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории семинари мазкур бо ҳам овардани мутахассисону коршиносони созмонҳои дахлдори минтақавию байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои узви СҲИ мебошад.

Иштирокчиён тайи ин рўзҳо масъалаҳои муҳими марбут ба хариду фурӯши одамон, сабабҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар мубориза бо ин таҳдиди замони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин самт аз малакаю дониш ва таҷрибаи пешқадами якдигар шинос гардиданд.

Дар кори ҷаласа роҳбари намояндагии СБМ дар Эрон Лалинӣ Вирассамӣ, дабири кулли СҲИ, сафир Хусрав Нозирӣ, кормандони масъул ва мутахассисони соҳаи кишварҳои аъзои СҲИ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгири Вазорати корҳои дохилӣ Мирзозода Ҷоми Ҷамахон ва муовини сардори Маркази мубориза зидди савдои одамони РМЗҶМ вазорат Самизода Равшан ширкат варзида, доир ба мавзўҳои матраҳшуда фикру мулоҳизаҳои худро манзур доштанд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки мубориза бо қочоқи инсон барои аъзоёни СҲИ аз масъалаҳои афзалиятнок ҳисоб ёфта, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҳамкориҳои зичи байни кишварҳои аъзо зарур мебошад.

Х. Солиҳӣ