Соҳиби шиноснома гардидани хонандагони мактаб

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур маросими дар фазои тантанавӣ супоридани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода, сардори шуъбаи кор бо шиносномаи хадамот подполковники милитсия Сураё Шамсуддинзода ва нозири калони ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур майори милитсия Нилуфар Асламшозода иштирок намуданд.

Нахуст, муовини сардори ХШБ ВКД подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода хатмкунандагони муассисаро ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, иброз дошт, ки дар асоси Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2021, таҳти №96 доир ба тақдими сазовори шиноснома барои хонандагони ба синни 16 расида ба тасвиб расонида шудааст. Дар ин асос, кормандони ХШБ ба таври дастҷамъона ва тантанавӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ месупоранд ва ин иқдом дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ гардида истодааст.

Раҷабмоҳ Раҳмонализода илова кард, ки: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мекунанд, ки ҳар кору иқдоме, ки мо имрўз ба анҷом мерасонем, бевосита барои ҷавонон равона гардидааст, чунки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд. Мо ҷавононро бояд тавре ба воя расонем, ки онҳо тавонанд Ватанро ободу боз ҳам пешрафта намоянд. Ба миллату давлати худ бо сари баланд ба таври шоиста хизмат намоянд. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дониши ҳуқуқии худро баланд намуда, ҳамеша ҳушёру зирак бошед, аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм худро эмин нигоҳ доред».

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки шиносномаи худро, ки тасдиқкунандаи ҳуҷҷати шаҳрвандии шахс мебошад, тозаву хуб нигоҳ доред.

Тибқи иттилои масъулин, бахши ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур тўли чор моҳи соли ҷорӣ ба 2069 нафар шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намудааст, ки аз онҳо 764 нафар бори аввал соҳиби ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият гардидаанд.

Дар охири маросими тақдими шиносномаҳои шаҳрвандӣ хонандагони муассисаи мазкур барои баргузории чунин як чорабинии муҳим изҳори миннатдорӣ намуданд.

Аз ҷумла, тавре хонандаи синфи 11-и ин муассиса С. София иброз дошт, «Ман хеле шодам, ки имрўз соҳиби шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидам. Аз ин рў, миннатдории худро аввалан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки мо дар Ватани орому осуда зиндагонӣ мекунем».

Ҳамчунин, хонандаи дигари ин муассиса Сумая Назарова ҳамсолони худро барои сазовор гардидан бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таманнои онро кард, ки ҳар як онҳо номбардори Ватани хеш мегарданд.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур Раҳматхоҷа Ҷамолов, дар навбати худ аз ҳамкории кормандони милитсия бо мактаб изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад, ки дар фазои тантанавӣ ба хонандагон шиносномаҳо тақдим карда мешавад.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ