12 Октябрь, 2024

Наврӯз – ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ

20 марти соли 2024 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» чорабинии маърифатӣ доир карда шуд.

Чорабиниро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷоми Ҷамахон оғоз намуда, ҳайати шахсии Хадамотро ба муносибати иди байналмилалии “Наврўз” табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию хотири ҷамъ, рисқи фаровону бахту саодат таманно намуд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар сартосари ҷумҳурӣ ва беш аз 20 кишвари ҷаҳон ҷашни Наврӯзро ҳамчун иди расмӣ ҷашн мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии хеш ба муносибати ҷашни Наврӯзи соли 2024 зикр намуданд, ки моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф аз таърихи ҷашнгирии Наврўз аз замони пайдоиш то ба замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мухтасар баромад намуд.

Зикр шуд, ки аз давраҳои бостонӣ мардуми ориётабор, махсусан форсиёну бохтариён ва суғдиёну хоразмиён, солро ба чор фасл тақсим намуда, ҳам дар оғози сол (Наврӯз-аввали баҳор, Меҳргон-аввали тирамоҳ, Сада-тахминан ба моҳи январ-аввали зимистон) ва ҳам дар 12 моҳи ҳар сол ҷашну идҳое доштанд, ки онҳоро бо вижагиҳои хос таҷлил мекарданд.

Дар замони Сомониён Наврӯз – иди баҳору навсозӣ ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Рӯзи аввали Наврӯз бо номи «Наврӯзи кишоварзон» ва рӯзи панҷуми он бо номи «Наврӯзи муғон» аз ин давра маълум аст. Минбаъд ҳам дар девону дарборҳои гуногун ин ҷашни аҷдодии мо таҷлил гардида, таъсири пурфайзи худро ба миллату кишварҳои ҳамсоя расонид ва онҳо зери таъсири фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик Наврӯзи Аҷамро ҳамчун ҷашни миллии худ қабул карданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу ҷилои тоза пайдо карда, дар давраи ҷаҳонишавӣ, он ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, зеро он моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастӣ мебошад. Мо тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бошукӯҳ таҷлил менамоем.

Х.Солиҳӣ