12 Октябрь, 2024

Корҳои тозагию ободонӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии «Наврўз»

 

Тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ, муҳити зебою хуррам офаридан аз худи кормандон вобастагии калон дошта, ҳамзамон қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар сокини пойтахт ҳисоб меёбад.

Дар арафаи таҷлили иди байналмилалии «Наврўз» ҳайати шахсии шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ ва шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ санаи 16 марти соли равон чорабинии «шанбегӣ» баргузор намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кормандони шуъбаҳои зикргардида бо руҳияи баланди ватандӯстӣ барои тозаю сафед намудани бехи дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохил ва гирду атрофи бинои маъмурӣ, нарм намудани заминӽо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ  ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои маъмурӣ  ва қитъаҳои вобасташуда, кабудизоркунӣ, шинондани ниҳол ва гулҳои ороишӣ бо ҷалби тамоми кормандон мунтазам чунин чорабиниҳои «шанбегӣ» доир карда мешаванд.

Хисрав Солиҳӣ