Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии талаботи санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти соҳа, қарорҳои Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ, протоколҳои ҷаласаҳои хизматию селектории назди Вазири корҳои дохилӣ тибқи дастури сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорат генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. санаҳои 3-м ва 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Дар кори семинари омӯзишӣ сардори ХШБ РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ҳайдарзода Б.Ҷ., сардорони шуъбачаҳо ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказии хадамоти мазкур дар самтҳои корҳои шиносномавию бақайдгирӣ, раводидӣ-бақайдгирӣ, суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, амалияи маъмурӣ ва дигар мавзӯҳои дахлдори соҳа баромад намуда, баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳо байни ширкаткунандагон фикру мулоҳизарониҳо доир карда шуд.
Дар семинари омӯзишии мазкур, аз ҷумла фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №746 б/з аз 01.12.2021 сол ва ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1022 аз 29.11.2021 сол «Дар бораи Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти тағйиру иловаҳои ба он воридшуда, тартиби пур кардани варақаҳои шакли №16 ва №17 оид ба бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаю китобҳои шаклҳои №50 ва №51 доир ба қайди муваққатӣ, Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №23 б/з аз 25.07.2013 сол «Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал оид ба ташкил ва бурдани корҳои ҷустуҷӯии Хадамотҳои шиносномавӣ-бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиб додани маводҳои маъмурӣ ва сари вақт ворид намудани маълумоти он ба махзани ягонаи мақомоти корҳои дохилӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки баҳри амалисозии талаботи санадҳои меъёрии соҳавӣ кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгириро зарур аст, ки бо бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, алалхусус бо нозирони минтақавии милитсия, кофтукови ҷиноятӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохтору мақомоти марбута ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Х. Солеҳӣ