22 Ноябр, 2024

Чорабинии дастаҷамъонаи “шанбегӣ”

 

Дар дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва шуъбаҳои он ҷиҳати вусъат додани корҳои ободгардонию созандагӣ ва тозагии дохилу атрофи биною иншоотҳо дар арафаи таҷлили ҷашни чорабинии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии “шанбегӣ” ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳайати шахсӣ дар ин рӯз ба тозагии саҳни биноҳои маъмурӣ, қитъаҳои замини вобастабуда, кӯчаю роҳравҳои ҳамшафат ва ҳуҷраҳои корӣ машғул гардида, дар кори ободонию созандагии Хадамот саҳми худро гузоштанд.

Бояд зикр намуд, ки дарахтон ва гулу гулбуттаҳои ороишии дар саҳни бино шинондашуда таҳти нигоҳобунии доимӣ қарор дошта, шиору овезаҳо мувофиқи ҷашнҳо аз нав карда мешаванд.

Х. Солеҳӣ