24 Феврал, 2024

Вусъат додани ҳамкориҳо дар самти корҳои шиносномавӣ

 

Ҷиҳати амалигардонии талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва таъмини иҷрои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. рӯзҳои 20-21 октябри соли 2023 ба вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом дода, ба масъулин оид ба даъвати шаҳрвандон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ ҷиҳати иваз кардани шиносномаи  намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014, тақвият додани корҳо дар самти бақайдгирии шаҳрвандон вохӯриҳо анҷом дод.

Аз ҷумла, дар ҷаласае, ки санаи 20 октябри соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Суғд, шуъбаю бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати мазкур, намояндагони Хадамоти алоқаи вилояти Суғд ва ширкатҳои мобилии «Tcell», «Babilon», «ZET Mobile», «Мегафон» иштирок намуданд.

Сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. дар ҷаласаи мазкур  иброз намуд, ки вобаста ба иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 207-7 аз 30.04.2016 сол «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ҳамкориҳоро ҷоннок намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору нуқтаҳои савдо ва ғайра чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 ва минбаъд азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии худ амалӣ гардонида шаванд.

Инчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои талаботи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар якҷоягӣ бо нозирони минтақавии милитсия дар минтақаҳои хизматӣ дар байни иҷоранишиноне, ки бе қайди муваққатӣ будубош доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монанд.

Дар идомаи ҷаласа, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ вобаста ба фаъолияти кори соҳавӣ аз кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилояти Суғд даъват ба амал овард, ки фаъолияташонро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, зимни хизматрасониҳо ба шаҳрвандон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муомилаи хуб амалу рафтор намоянд.

Х.Солиҳӣ