24 Феврал, 2024

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба мубориза зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ

 

4-уми октябри соли 2023 ҷаласаи чоруми гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо дигар кормандони масъули сохторҳои вазорат ва аз ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷират, генерал-майори политсия Яковлев Виталий Александрович, дигар кормандони масъули сарраёсати мазкур, Намояндагии ВКД Россия ва Сафоратхонаи ин кишвар дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои вазъи муҳоҷират дар ҳудуди Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти муҳими дар қонунгузории муҳоҷирати кишварҳо воридшуда, инчунин доир ба чорабиниҳои якҷоя дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии дар ҳудуди кишварҳои якдигар, аз ҷумла дар доираи гурӯҳи кории якҷояи ВКД Федератсияи Россия ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашударо мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар сатҳи баланд ва фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.
Пас аз анҷоми чорабинии расмӣ меҳмонон аз ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе ва табиати зебои атрофи он дидан намуданд.

????????????????????????????????????