24 Феврал, 2024

Марҳилаи 2-юми амалиёти махсус “Нелегал-2023”

 

Мутобиқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал-2023», ки аз 15 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст, аз 02 то 08 октябри соли 2023 марҳилаи 2-юми амалиёти мазкур бо номи “Нелегал-Кордон” дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур санҷиши будубош ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани роҳҳои муҳоҷирати  ғайриқонунӣ, ошкор намудани гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккили дорои алоқаҳои байниминтақавӣ ва трансмиллӣ, ошкор намудани далелҳои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ва дигар амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби онҳо мебошад.

Санҷишҳо дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ истиқомат менамоянд, коргоҳу ташкилотҳо, иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, тарабхонаву марказҳои савдо ва инчунин, истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, амалӣ мегарданд.