24 Феврал, 2024

Чорабинии “шанбегӣ” бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ

 

Бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сентябри соли 2023 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чорабинии дастаҷамъонаи “шанбегӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ тамоми кормандони Хадамот сафарбар гардида, дар тозагии гирду атрофи биною иншоот ва кӯчаҳои ҳамшафати он, нарм кардани бехи дарахтону буттаҳо, шинонидани гулҳои зебои ороишӣ, инчунин тозагии ҳуҷраҳои корӣ ва иншоотҳои хизматрасонӣ саҳм гузоштанд.

Дар қитъаҳои замини саҳни бинои асосӣ беш аз 1600 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуда, ҳамзамон дар гӯшаҳои деворҳои атрофи он лавҳаҳои идона ва парчамҳои Тоҷикистон насб карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки чунин чорабиниҳои ободгардонӣ дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳар рӯзи шанбе дар тамоми шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ доир карда мешавад.

Х. Солиҳӣ