23 Апрел, 2024

Дарси хизматӣ дар самти пешгирии хатарҳои экстремизму терроризм

 

26 майи соли 2023 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо ҷалби мутахассиси соҳа дарси хизматӣ дар мавзўҳои «Хатарҳои экстремизму терроризм ба ҷомеа, чораҳои огоҳонӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ» баргузор карда шуд.

Дар мавзўҳои зикргардида сардори шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаи РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Одиназода М.Ш. баромад намуда, ба самъи ҳайати шахсӣ талаботи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, хатарҳои ин зуҳуроти номатлуб ба ҷомеа, роҳу усулҳои ҷалби ҷавонони ноогоҳро ба сафи ташкилоту гурўҳҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта расонид.

Қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир хатари экстремистиву террористӣ дар аксари давлатҳои дунё паҳн гардидааст, ки таваҷҷўҳи тамоми қишрҳои ҷомеа, созмонҳои байналмилалию давлатҳои дунёро ба худ ҷалб намудааст. Экстремизму терроризм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо рушди ҷомеа сол ба сол усулҳои нави технологияи муосирро истифода мебарад.

Қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” аз 21.12.2021, таҳти № 1808, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 02.02.2020, таҳти №1655, стратегия, барномаю консепсияҳои ин самт ҳамчун тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм бо назардошти вазъи тағирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин, зимни дарси хизматӣ зикр гардид, ки вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзисулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

Х. Солиҳӣ