25 Апрел, 2024

Баргузории семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар

 

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) ва ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва адолат» барои кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯҳои «Тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо», «Шарҳи мухтасари фаъолият дар самти шаҳрвандӣ, шиносномавию бақайдгирӣ» баргузор менамояд.

Семинари омӯзишӣ нахуст 6 майи соли 2023  дар ш.Бохтар бо иштироки кормандони масъули хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру ноҳияхои вилояти Хатлон доир карда шуд.

Пас аз сухани ифтитоҳии муовини сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф ва роҳбари иҷроияи ТҶ “Инсон ва Адолат” Давлатшоев Ширинбек оид ба таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо собиқ Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии ҶТ Муродзода Б. Р. Баромад намуд.

Дар идомаи чорабинӣ сардорон ва дигар кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар атрофи мавзӯҳои «Омилҳои аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Гузаштан ба низоми электронӣ», «Масъалаҳо вобаста ба таҳияи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ», «Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон»» ибрози андеша намуданд. Аз натиҷаи баромади маърӯзачиён байни маърӯзачиён ва иштирокчиён қисмати саволу ҷавоб        доир гардида, масъалаҳои мубрами соҳа шарҳ дода шуданд.

Семинари омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд низ баргузор карда мешавад.

Х.Солиҳӣ