19 Апрел, 2024

Дарси хизматӣ дар мавзўи муқовимат ба коррупсия

 

Санаи 14 апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ зимни дарси хизматии ҳайати шахсӣ сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Раҳимзода Шералӣ Амирхон дар мавзӯи “Сабабу омилҳо ва шароитҳои содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта” баромад намуд.

Дар баромади хеш подполковники адлия Шерали Раҳимзода дар атрофи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” 7 августи соли 2020 № 1714  дар таҳияи нав, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, ибрози андешаронӣ намуда, мазмуну мафҳумҳои асосии қонунгузории ин соҳаи фаъолиятро ба ҳозирин шарҳ дод.

Қайд гардид, ки тамоми ин санадҳои меъёрӣ, стратегияву барнома ва нақшаҳои вобаста ба муборизаю муқовимат ба коррупсия баҳри паст намудани сатҳи коррупсия дар кишвар, пешгирӣ аз тамаъҷўию порагирӣ равона шуда, бо ин роҳ ба рушди босуботи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат карда мешавад. Зуҳуроти коррупсия дар ҳар шакле набошад, боиси заиф шудани сутунҳои давлатдорӣ ва паст гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад ва муқовимат бар зидди ин падида бояд на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки тамоми аҳли ҷомеа бошад.

Баҳри тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, аз ҷумла пардохти ѓайринақдии электронӣ, баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия ва дигар чораҳои зарурии самт зарур аст.

Дар интиҳои дарси хизматӣ байни кормандон ва баромадкунанда саволу ҷавоб сурат гирифт.

Х. Солиҳӣ