24 Апрел, 2024

Баргузории шанбегӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

 

18 марти соли 2023 бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва тозаву озодагии гирду атрофи бинои маъмурии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии «шанбегӣ» доир карда шуд.

Дар ин шанбегӣ, ки бо ҷалби тамоми ҳайати шахсӣ баргузор карда шуд, гирду атрофи бино ва боғи назди бинои шуъбаи мазкур аз хазонҳо ва партовҳо тоза карда шуданд. Ҳамчунин, бехи дарахтон нарму сафед карда шуда, гулҳои баҳорӣ шинонида шуданд, ки ба зебогии саҳни бино боз ҳам ҳусну таровати нав бахшиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди гирду атрофи муассисаҳо, дар тамоми корхонаю идораҳо бо оғози фасли зебои баҳор чорабиниҳои ободонӣ тақвият ёфта истодаанд. Аз ҷумла дар биноҳои маъмурии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он аз рӯи нақша ҳар рӯзи шанбе чунин  шанбегиҳо гузаронида мешаванд.

Кормандони хадамот дар ин рӯзҳо ба тозаю озода намудани ҳуҷраҳои корӣ ва иншоотҳои дохилибиногӣ низ машғул гардида, бо руҳияи баланди ватандорӣ дар ин иқдоми неку созандагӣ саҳми худро мегузоранд.

Х. Солиҳӣ