18 Апрел, 2024

Шанбегӣ дар ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

 

Бо фаро расидани фасли эҳёи табиат – Баҳор дастаҷамъона тозаю озода кардани кӯчаю хиёбонҳо, саҳни корхонаву муассисаҳо ва кабудизоркунӣ бо ташкили шанбегиҳо ба роҳ монда  шуда, маъракаҳои ободонӣ авҷи тоза мегиранд.

Ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд низ бо дастури сардори хадамоти мазкур имрӯз (11.03.2023 сол) ба тозаю озода намудани саҳни бинои маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва иншоотҳои ёрирасон иқдом намуда шанбегӣ гузарониданд. Нарм кардани бехи дарахтон ва гулу буттаҳо, шинонидани гулҳои рангоранги ороишӣ, шаклдарории дарахтон, аз партов тоза кардани ҷӯй ва майдонҳои гирду атроф, рубу чини роҳрав ва саҳни бино корҳое буд, ки ҳайати шахсӣ дастаҷамъонаю самимона иҷро намуданд.

Баъди гузаронидани шанбегӣ таровати зебогии фасли баҳор дар ҳудуди бинои маъмурии ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мушохида гардид, зеро тозагию озодагиаш дучанд шуд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия